Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МУНТАХАБИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН БА ДАВРИ ЧОРЯКФИНАЛИ ҶОМИ ОСИЁ-2022 БАРОМАД

02.10.2022

: 235

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2022 бар тими миллии Туркманистон бо ҳисоби 8:5 пирӯз шуда, дар гурӯҳи «В» мақоми дуюмро касб кард ва ба даври чаҳорякниҳоӣ баромад.

Дар ҳайати тими мунтахаби мо Идрис Ёров 4 гол, Файзалӣ Сардоров ду гол, Муҳаммадҷон Шарипов як гол, як голи дигарро футболбозони туркман ба дарвозаи дастаашон заданд.

Шогирдони Пайрав Воҳидов дар даври ¼-ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 бо ғолиби гурӯҳи «А» - тими футзали Тайланд бозӣ мекунанд. Вохурии дастаҳо 4-уми октябр соати 19:00 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.

Дар бозии дигари гурӯҳи «В» тими Узбекистон бар дастаи Баҳрайн бо ҳисоби 6:1 ғалаба кард. Ҳарифаш дар чорякфинал дастаи футзали Кувайт мебошад, ки дар гурӯҳи “А” ҷои дуюмро гирифт.

Қобили зикр аст, ки тими миллии футзали Тоҷикистон бори охир понздаҳ сол қабл – соли 2007 ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфта буд.

AFC Futsal Asian Cup - Kuwait 2022 - Group A Standing
1. Thailand --------------------3-2-1-0-11--5-7
2. Kuwait ----------------------3-1-2-0-11--6-5
3. Iraq --------------------------3-1-1-1--9--5-4
4. Oman -----------------------3-0-0-3--3-18-0

AFC Futsal Asian Cup - Kuwait 2022 - Group B Standing
1. Uzbekistan ------------------3-3-0-0-17--3-9
2. Tajikistan ---------------------3-2-0-1-14-11-6
3. Bahrain -----------------------3-0-1-2--8-14-1
4. Turkmenistan ---------------3-0-1-2--9-20-1