Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МУНТАХАБИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН ҶОМИ ОСИЁ-2022-РО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРД

МУНТАХАБИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН ҶОМИ ОСИЁ-2022-РО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРД МУНТАХАБИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН ҶОМИ ОСИЁ-2022-РО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРД МУНТАХАБИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН ҶОМИ ОСИЁ-2022-РО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРД

28.09.2022

: 239

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022-ро, ки дар Кувейт ҷараён дорад, бо пирӯзӣ оғоз кард.

Футболбозони Тоҷикистон 27 сентябр дар даври аввали бозиҳои гурӯҳи «В» бар тими миллии Баҳрайн бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуданд. Голҳои Умед Кузиев, Бахтиёр Солиев, Файзалӣ Сардоров ва Идрис Ёров ба тими мо се имтиёз овард.

Дар вохӯрии дигари гурӯҳи «В» мунтахаби Узбекистон бар тими Туркманистон бо ҳисоби 8:0 зафар ёфт.

Дар даври дуюми Ҷоми Осиё-2022 рӯзи 29 сентябр тими миллии Тоҷикистон бо тими Узбекистон бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ соати 16:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.