Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО ТОҶИКИСТОНРО 9 ВАРЗИШГАР НАМОЯНДАГӢ МЕКУНАНД

26.09.2022

: 147

Аз 6 то 13 октябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни калонсолон баргузор мешавад.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо, ҷиҳати иштирок дар чемпионати ҷаҳон 563 варзишгар (305 мард, 258 зан) аз 85 давлат номнавис шудаанд.

Аз ҷумла, ҷумҳурии моро дар ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ 9 паҳлавон намояндагӣ хоҳанд кард:

-66кг – Эмомалӣ Нуралӣ
-73кг – Беҳрӯз Хоҷазода
-73кг – Муҳаммадраҳим Сарахонов
-81кг – Шодмон Ризоев
-81кг – Сомон Маҳмадбеков
-90кг – Ҷаҳонгир Маҷидов
-90кг – Комроншоҳ Устопириён
-100кг – Абубакри Акобир
+100кг – Темур Раҳимов

Мусобиқа дар 7 вазн миёни мардҳо, 7 вазн миёни бонувон, инчунин рақобати даставии омехта сурат мегирад. Тибқи низомнома нерӯсанҷиҳо ҳар рӯз дар як вазн миёни мардҳо ва як вазн миёни бонувон доир мегардад. Рақобати даставии омехта дар рӯзи охир ба нақша гирифта шудааст.

Ғолибону ҷоизадорони чемпионат дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд. Дар қувваозмоиҳои инфиродӣ барои ҷои аввал 26000 евро, барои ҷои дуюм 15000 евро ва барои ҷои сеюм 8000 евро пешбинӣ шудааст. Дар рақобати даставии омехта бошад, ба ғолиб 90000 евро, ба барандаи ҷои дуюм 60000 евро ва ба барандагони ҷои сеюм 25000-евроӣ тақдим хоҳад шуд.