Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН – ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ «KING'S CUP 2022»

26.09.2022

: 146

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт барандаи 48-ум мусобиқаи байналмилалии «King's Cup 2022» шуд.

Мусобиқа 22-25 сентябр бо иштироки чор даста – Тайланд, Тоҷикистон, Малайзия ва Тринадад Тобаго дар Тайланд баргузор шуд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 22 сентябр дар нимфинал бар дастаи Тринидад Тобаго бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Голҳоро дар ҳайати тими мо Муҳаммадҷон Раҳимов ва Эҳсони Панҷшанбе заданд. Дар бозии дигари ин давр Малайзия бар тими Тайланд дар задани зарбаҳои ёздаҳметра ғалаба кард – 5:3.

Дар финал мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Малайзия рақобат кард. Вақти асосии вохӯрӣ мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт. Дар силсилазарбаҳои ёздаҳметра футболбозони мо маҳорати баланд нишон дода, бо ҳисоби 3:0 пирӯзӣ ба даст оварданд. Дарвозабони тими мо Рустам Ятимов ду пеналтиро баргардонд.

Ҳамин тариқ, тими мунтахаби Тоҷикистон дар аввалин иштирокаш дар “King's Cup” соҳиби ҷом шуд.

Дар бозӣ барои ҷои сеюм Тайланд Тринидад Тобагоро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод.