Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МУНТАХАБИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН (U-20) БА МАРҲИЛАИ НИҲОИИ ҶОМИ ОСИЁ-2023 РОҲ ЁФТ

МУНТАХАБИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН (U-20) БА МАРҲИЛАИ НИҲОИИ ҶОМИ ОСИЁ-2023 РОҲ ЁФТ МУНТАХАБИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН (U-20) БА МАРҲИЛАИ НИҲОИИ ҶОМИ ОСИЁ-2023 РОҲ ЁФТ МУНТАХАБИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН (U-20) БА МАРҲИЛАИ НИҲОИИ ҶОМИ ОСИЁ-2023 РОҲ ЁФТ

19.09.2022

: 279

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «I» мақоми аввалро ишғол намуда, ба марҳилаи ниҳоӣ, ки аз 1 то 18 марти соли оянда дар Узбекистон баргузор мешавад, роҳ ёфт.

Дастаи ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобӣ, ки 10-18 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, се бозӣ анҷом дод. Футболбозони ҷавони мо дар даври аввал бо тими Сингапур мусовӣ (0:0) бозӣ карда, дар даври дуюм бар тими Лубнон бо ҳисоби 4:0 ва дар даври ниҳоӣ бар ҳамсолони худ аз Камбоҷа бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд.

Ҳамин тариқ, Тоҷикистон бо 7 хол дар ҷои аввали гурӯҳи “I” мавқеъ гирифт ва ба марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 20-сола роҳхат гирифт. Тими ҷавонони Лубнон бо 6 хол ҷои дуюм, Сингапур бо 2 хол ҷои сеюм ва Камбоҷа бо 1 хол ҷои чорумро гирифтанд.

Тибқи низомномаи чемпионат ба марҳилаи ниҳоӣ ғолибони 10 гурӯҳи марҳилаи интихобӣ, инчунин 5 дастаи ҷои дуюми гурӯҳҳо, ки натиҷаи беҳтар доранд, роҳхат мегиранд. То ҳоло Узбекистон ба ҳайси мизбон, Арабистони Саудӣ (гурӯҳи “А”), Қатар (гурӯҳи “В”), Ҷопон (гурӯҳи “С”), Урдун (гурӯҳи “D”), Кореяи Ҷанубӣ (гурӯҳи “Е”), Индонезия (“F”), Уммон (гурӯҳи “G”), Тоҷикистон (гурӯҳи “I”), Эрон (гурӯҳи “J”) ва 4 дастаи ҷои дуюми гурӯҳҳо бо натиҷаи беҳтар – Ветнам, Қирғизистон, Чин, Сурия ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Номи як дастаи дигар пас анҷоми мусобиқаи интихобӣ дар гурӯҳи “Н”, ки 14-18 октябр доир мегардад, муайян хоҳад шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки тими ҷавонони Тоҷикистон маротибаи панҷум аст, ки ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё роҳхат мегирад. Футболбозони ҷавони мо қаблан солҳои 2006, 2008, 2016 ва 2018 дар Ҷоми Осиё ширкат карда буданд.

Мусобиқа то соли 2006 ҳамчун Чемпионати Осиё миёни ҷавонон ҳар сол доир мегашт, аз соли 2008 миёни ҷавонони то 19-сола дар ду сол як маротиба баргузор мешуд ва бори аввал аст, ки чемпионат миёни ҷавонони то 20-сола доир мегардад.