Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ОЛӢ: “ИСТИҚЛОЛ” МАВҚЕАШРО ДАР ҶОИ АВВАЛ УСТУВОР КАРД

12.09.2022

: 306

10-11 сентябр бозиҳои даври 15-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Дар ду бозӣ дастаҳои мизбон дар як бозӣ тими меҳмон ғалаба карданд, ду бозии дигар мусовӣ анҷом ёфт.

Тими КМВА дар бозии хонагӣ бар дастаи “Хуҷанд” бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро Асадбек Ҷурабекзода зад.

“Регар-ТадАЗ” дар сафар аз тими “Истаравшан” шикаст хурд – 1:2. Ҳар се голро истаравшаниҳо заданд. Ҷаъфар Исмоилов дар дақиқаи 13 ҳисобро кушод. Ҳусейн Нурматов як гол ба дарвозаи дастааш, як голи дигар ба дарвозаи ҳариф зад.

Дар бозии дигар “Истиқлол” ба дарвозаи “Эсхата” ду голи беҷавоб зад. Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 68 аз пеналтӣ ҳисобро кушод, голи дуюмро Шервонӣ Мабатшоев дар охирин дақиқаҳои дидор (90+6) зад.

Ду бозии дигар миёни дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб - “Равшан”-и Зафаробод (2:2) ва “Хатлон” – “Файзканд” (0:0) мусовӣ анҷом ёфт.

Бозиҳои даври навбатӣ 30 сентябр, 1-2 октябр ба нақша гирифта шудааст. Дар даври 16-ум 30-юми сентябр “Эсхата” бо “Хатлон”, 1-уми октябр “Хуҷанд” бо “Файзканд”, “Равшан”-и Кӯлоб бо “Регар-ТадАЗ”, 2-юми октябр “Истаравшан” бо “Истиқлол”, КМВА бо “Равшан”-и Зафаробод вомехуранд.

Қабл аз ин 17-18 сентябр бозиҳои даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2022 доир мешавад.