Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚА БАРОИ ҶОИЗАҲОИ ЮСУФ АБДУСАЛОМОВ МУАЙЯН ГАРДИД

ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚА БАРОИ ҶОИЗАҲОИ ЮСУФ АБДУСАЛОМОВ МУАЙЯН ГАРДИД ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚА БАРОИ ҶОИЗАҲОИ ЮСУФ АБДУСАЛОМОВ МУАЙЯН ГАРДИД

07.09.2022

: 314

3-4 сентябр дар шаҳри Душанбе 2-юм мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштини тарзи озод барои дарёфти ҷоизаҳои Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон, ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ Юсуф Абдусаломов баргузор шуд.

Ба иттилои сардовари мусобиқа Абдурозиқ Олимов, дар мусобиқа 77 варзишгар аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат намуданд.

Қувваозмоиҳо тибқи қоидаҳои Иттиҳоди ҷаҳонии гуштинҳо (UWW) дар 10 вазн миёни мардҳо доир гардида, ғолибону ҷоизадорон ба таври зайл муайян шуданд:

57кг
1. Зиёдулло ҲУКУМАТОВ (Душанбе-1)
2. Ҳусейн МАЛИКОВ (Душанбе-2)
3. Бежан ХОҶАЛИЕВ (Хатлон-1)
3. Носирҷон ТИЛЛОЕВ (Хатлон-2)

61кг
1. Муҳаммад НАИМОВ (Душанбе-2)
2. Қаюм ҲАЛИМОВ (Душанбе-1)
3. Анвар САФАРОВ (Душанбе-2)
3. Авазхон ҶАББОРОВ (Хатлон-2)

65кг
1. Комрон ХОЛОВ (Душанбе-1)
2. Ҳокимҷон ҲУСЕЙН (Душанбе-2)
3. Муҳаммад САИДОВ (Хатлон-1)
3. Умед ТИЛООЕВ (Душанбе-2)

70кг
1. Алиризо БАҲРОМОВ (Душанбе-2)
2. Юнус ЮНУСОВ (Душанбе-1)
3. Ҳомидҷон РАҲМОНОВ (Хатлон-2)
3. Шаҳром ГАНҶИЕВ (Душанбе-1)

74кг
1. Саидасан АШРАФХОНОВ (Душанбе-2)
2. Ислом ХОҶАЕВ (Душанбе-2)
3. Афзалшо ЗАЙДУЛЛОЕВ (Душанбе-1)
3. Наимҷон ИЛҲОМЗОДА (Хатлон-2)

79кг
1. Муҳаммадамин АБДУЛЛОЕВ (Душанбе-2)
2. Боқиҷон МУҚИМЗОДА (Суғд)
3. Асрор МИРХОҶАЕВ (Душанбе-2)
3. Мақсуд ДАВРОНОВ (Душанбе-2)

86кг
1. Абдубашир БОБОҶОНОВ (Душанбе-2)
2. Зоирҷон РАСУЛОВ (Душанбе-2)
3. Саидаҳмад МАЛИКОВ (Душанбе-2)
3. Алӣ ЮСУПОВ (Душанбе-2)

92кг
1. Бахтовар ҒАФУРОВ (Душанбе-2)
2. Саид САМИЕВ (Хатлон-2)
3. Нуриддин ҲАЛИМОВ (Хатлон-1)
3. Анушервон РОЗИҚОВ (Хатлон-2)

97кг
1. Амирҷон САНГОВ (Душанбе-2)
2. Саъдуддин ИБРОНОВ (Душанбе-1)
3. Садриддин МАҚСУДОВ (Суғд)
3. Фирӯз ҚОДИРЗОДА (Душанбе-2)

125кг
1. Раҳмон МАҲМАДБЕКОВ (Душанбе-2)
2. Саидактам ИБОДОВ (Душанбе-2)
3. Рамазон ОЛИМОВ (ШНТМ)
3. Расул ҚОДИРЗОДА (ШНТМ)

Юсуф Абдусаломов 8 ноябри соли 1977 дар Доғистони Федератсияи Русия таваллуд шудааст. Хатмкардаи Факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Доғистон мебошад. Аз 12-солагӣ ба гуштин машғул шудааст.
Юсуф Абдусаломов дар давраи солҳои 2000-2013 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштини тарзи озод буд ва соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин медали нуқра ба даст овард.
Ӯ ҳамчунин барандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон (2007, Боку), медали нуқраи Бозиҳои Осиё (2002, Бусани Кореяи Ҷанубӣ), медали тилло (2003, Деҳлӣ) ва ду медали биринҷии (2008, 2012) Чемпионати Осиё, ғолиби 5-ум Бозиҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе (2003) мебошад.
Баъд аз анҷоми карйераи варзишӣ дар ду давраи олимпӣ – аз соли 2013 то соли 2021 - сармураббии дастаи мунтахаби Полша оид ба гуштини тарзи озод буд ва ноябри соли 2021 сармураббии дастаи мунтахаби Руминия оид ба гӯштини тарзи озод таъин шуд.
Юсуф Абдусаломов 2 сентябри соли 2008 бо Ордени «Шараф» дараҷаи 1 сарфароз шудааст.