Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ДАР ЧҶ ОИД БА ГУШТИН ТОҶИКИСТОНРО СЕ НАФАР НАМОЯНДАГӢ МЕКУНАНД

30.08.2022

: 357

10-18 сентябр дар шаҳри Белгради Сербия Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштин баргузор мешавад.

Ба иттилои Иттиҳоди ҷаҳонии гуштинҳо (UWW), ҷиҳати иштирок дар чемпионат, ки аз рӯи 10 вазн гуштини тарзи озод, 10 вазн гуштини юнонӣ-римӣ ва 10 вазн гуштини бонувон доир мегардад, зиёда аз 800 нафар аз 73 давлати дунё сабти ном шудаанд.

Ҷумҳурии моро дар ин чорабинӣ се варзишгар дар равияи гуштини тарзи озод намояндагӣ хоҳанд кард: Муҳаммад Икромов (-57кг), Ҳикматулло Воҳидов (-61кг) ва Шуҳрат Бозоров (-79кг).

Дар рӯзи аввали чемпионат – 10 сентябр - қувваозмоиҳои чор вазн, рӯзи дуюм чор вазни дигари гуштини юнонӣ-римӣ баргузор мешавад. Рӯзи 12 сентябр чемпионат бо сабқатҳо дар ду вазн миёни занон ва ду вазни гуштини юнонӣ-римӣ идома меёбад. Рӯзҳои 13-14 сентябр бонувон бо чор вазн дар як рӯз гуштин мегиранд. Мусобиқаи гуштини тарзи озод чор вазн 15 сентябр, се вазн рӯзи 16 сентябр ва се вазн рӯзи 17 сентябр ба нақша гирифта шудааст.