Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МЕДАЛИ БИРИНҶИИ НУРУЛЛО ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ТАЕКВОНДО

МЕДАЛИ БИРИНҶИИ НУРУЛЛО ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД  БА ТАЕКВОНДО  МЕДАЛИ БИРИНҶИИ НУРУЛЛО ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД  БА ТАЕКВОНДО

26.08.2022

: 369

Варзишгари тоҷик Нурулло Муродов дар Чемпионати Осиё оид ба таеквондо миёни ҷавонон сазовори медали биринҷӣ шуд.

Чемпионати Осиё оид ба таеквондо (ВТ) миёни наврасон, ҷавонон ва варзишгарони имконияташон маҳдуд, ки 23 август дар шаҳри Ҳошимини Ветнам оғоз гардид, фардо 27 август ба анҷом мерасад.

Аз ҷумҳурии мо ду нафар – Муҳаммадризо Шукуров (-51кг) ва Нурулло Муродов (-59кг) бо роҳбарии мураббӣ Фарҳод Негматов дар сабқатҳо миёни ҷавонон ширкат карданд.

Нурулло дар даври аввал бар варзишгари Муғулистон Билгудей Енхбаатар бо ҳисоби 2:0, дар чорякфинал бар намояндаи Қазоқистон Алибек Шайкенов бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард, вале дар нимфинал бо 5 огоҳӣ аз намояндаи Тайпейи Чин Гуан Чен мағлуб гардида, ҷои сеюмро гирифт.

Муҳаммадризо дар аввалин муҳорибааш аз варзишгари Ҷопон Рйусей Оҳара шикаст хурд.

Ин дуюм медали таеквондочиёни тоҷик дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон аст. Соли 2019 Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов дар Урдун, дар вазни -73кг медали биринҷӣ гирифта буд.