Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ДУЮМ МУСОБИҚА БАРОИ ҶОИЗАҲОИ РАСУЛ БОҚИЕВ БАРГУЗОР ШУД

23.08.2022

: 234

20-21 август дар толори Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олӣ оид ба намудҳои гуштини шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо миёни ҷавонон барои ҷоизаҳои Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон, ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ Расул Боқиев баргузор шуд.

Дар мусобиқа паҳлавонони ҷавон аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат карда, тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар ҳафт вазн миёни мардҳо сабқат намуданд. Дар натиҷа, бештари медалҳоро варзишгарони шаҳри Душанбе сазовор шуданд. Варзишгарони пойтахт дар шаш вазн ғолиб шуданд. Як медали дигари тиллоро бародарзодаи Расул Боқиев Алӣ Боқиев дар ҳайати тими Хатлон-1 ба даст овард. Алӣ Боқиев соли гузашта ҷои дуюмро гирифта буд.

2-юм Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо миёни ҷавонон барои ҷоизаҳои Расул Боқиев:

-60кг
1. Эҳсон САФАРЗОДА (Душанбе)
2. Сомон АЛАМОВ (Хатлон-2)
3. Идибеки АМИРШО (Душанбе)
3. Абдураҳим НАЗАРОВ (Душанбе)

-66кг
1. Хурсандқул КУГАНОВ (Душанбе)
2. Азим АСАДОВ (ШНТМ)
3. Абдуллои ОРИФ (Хатлон-2)
3. Муқтадири БОБОҶОН (Душанбе)

-73кг
1. Алӣ БОҚИЕВ (Хатлон-1)
2. Муҳаммадисо РАҶАБОВ (Душанбе)
3. Субҳиддин ХАЛИЛЗОДА (Душанбе)
3. Шоҳрухи САЙМУҲАММАД (Душанбе)

-81кг
1. Мизробшо ЛОИҚОВ (Душанбе)
2. Туйчибек ШАРИФОВ (Душанбе)
3. Сайфиддин БОЙМИРЗОЕВ (Хатлон-1)
3. Маҳмадамин ЭРНАЗАРОВ (ШНТМ)

-90кг
1. Ҷаҳонгир БОБОЕВ (Душанбе)
2. Аюбҷон МИРЗОЕВ (Душанбе)
3. Мақсуд РАҲМОНОВ (Душанбе)

-100кг
1. Исроил РАҲИМОВ (Душанбе)
2. Меҳроб ТАҒОЙМУРОДОВ (Душанбе)
3. Парвиз АБДУРАҲМОНОВ (Душанбе)
3. Юнус ҶОМАҲМАДОВ (ШНТМ)

+100кг
1. Иброҳим ЭЛМУРОДОВ (Душанбе)
2. Бобоҷон БОБОЕВ (Хатлон-2)
3. Бахтовар БОБОХОНОВ (Душанбе)
3. Толибҷон ТОИРОВ (ШНТМ)

Расул Боқиев 29-уми сентябри соли 1982 дар шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Нозукиҳои гӯштини миллӣ ва ҷудоро аз падараш – Мураббии хизматнишондодаи варзиши ҶШС Тоҷикистон Боқиев Худойназар омӯхтааст.
Айни ҳол дар Федератсияи Русия кору зиндагӣ дорад.

Расул Боқиев соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин дар вазни -73кг сазовори медали биринҷӣ шуд. Ӯ ҳамчунин медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон (2007, Рио-де-Жанейрои Бразил), медали биринҷии Бозиҳои Осиё (2010, Гуанжоуи Чин), медали нуқра ва ду медали биринҷии Чемпионати Осиёро ба даст оварда, се маротиба ғолиби Ҷоми ҷаҳон гардидааст.

Расул Боқиев бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2008 бо мукофоти давлатӣ - Ордени Шараф дараҷаи I сарфароз гардидааст.