Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ОЛӢ: ПИРӮЗИИ “РАВШАН” (З), БОХТИ “РАВШАН” (К)

22.08.2022

: 309

Рӯзҳои истироҳати гузашта бозиҳои даври сенздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ доир гардиданд.

Аммо қабл аз ин бозии мавқуфмондаи даври якум миёни тимҳои “Истиқлол” ва КМВА баргузор шуд. Дар ин дидор КМВА бар тими “Истиқлол” бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голро Хуршед Абдуллоев дар дақиқаи 79-ум зад. Ин аввалин бохти “Истиқлол” дар чемпионати имсола мебошад.

Дар доираи даври сенздаҳум бошад, КМВА бо тими “Истаравшан” мусовӣ (1:1) бозӣ кард. Дар охири нимаи якуми бозӣ футболбози артиш Вайсиддин Сафаров ҳисобро кушод. Ба голи задаи ӯ истаравшаниҳо дар дақиқаи 57-ум тавассути Амирҷон Сафаров бо гол ҷавоб доданд.

Дар бозии дигар дастаи “Регар-ТадАЗ” аз тими “Файзканд” бо ҳисоби 0:1 шикаст хурд. Голи ягонаро Жозеф Феумба ба номаш сабт кард. “Файзканд”-и Восеъ пас аз ин пирӯзӣ бо 21 хол ба ҷои аввали ҷадвали чемпионат баромад.

“Равшан”-и Зафаробод дар бозии хонагӣ ба дарвозаи тими “Эсхата” ду голи беҷавоб зад. Ҳисобро Парвизҷон Деҳқонов дар дақиқаи 66 кушод, ҳамдастааш Ҷаҳонгир Алиев дар дақиқаи 88 ҳисобро афзуд.

“Равшан”-и Кӯлоб бошад, дар майдони худ аз тими “Хуҷанд” бо ҳисоби 2:3 мағлуб гардид. Дар ҳайати тими “Хуҷанд” голҳоро Сергей Сканян, Ҷаҳонгир Эргашев ва Тоҳир Малодӯстов заданд. Ду голи тими мизбонро Ромиш Ҷалилов ва Абдухалил Боронов ба номашон навиштанд.

Дар бозии охирини давр “Истиқлол” бар тими “Хатлон” бо ҳисоби 1:0 ғолиб шуд. Голи ягонаро Муҳаммадҷон Раҳимов дардақиқаи 29-ум зад.

Бозиҳои даври навбатӣ 2-4 сентябр баргузор мешавад. Дар даври 14-ум 2-юми сентябр “Эсхата” бо “Регар-ТадАЗ”, 3-юми сентябр “Истаравшан” бо “Равшан”-и Зафаробод, “Равшан”-и Кӯлоб бо КМВА ва 4-уми сентябр “Хуҷанд” бо “Хатлон”, “Файзканд” бо “Истиқлол” вомехӯранд.