Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҶОМИ AFC-2022 БАРОИ “ХУҶАНД” БА АНҶОМ РАСИД

18.08.2022

: 266

Клуби футболи “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар финали минтақаи марказии Ҷоми AFC-2022 аз барандаи медали нуқраи Чемпионати Узбакистон – “Суғдиён”-и Ҷиззах бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрд ва иштирокашро дар мусобиқа анҷом дод.

Бозии «Хуҷанд» ва «Суғдиён» 17-уми август дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.

Голҳоро дар ҳайати «Суғдиён» Ҷасур Ҳасанов, Шоҳрӯз Норхонов ва Ҷавоҳир Қаҳрамонов ба номашон навиштанд. Як голи дигарро футболбозони “Хуҷанд” ба дарвозаи худ заданд.

Ба ин тартиб, дар даври ниманиҳоии Ҷоми AFC-2022 «Суғдиён» рӯзи 6-уми сентябр дар майдони худ «Лиони Шарқии Ҳонгконг»-ро қабул мекунад.