Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

3 МЕДАЛИ ДИГАРИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР БОЗИҲОИ ҲАМБАСТАГИИ ИСЛОМӢ

3 МЕДАЛИ ДИГАРИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР БОЗИҲОИ ҲАМБАСТАГИИ ИСЛОМӢ 3 МЕДАЛИ ДИГАРИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР БОЗИҲОИ ҲАМБАСТАГИИ ИСЛОМӢ 3 МЕДАЛИ ДИГАРИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР БОЗИҲОИ ҲАМБАСТАГИИ ИСЛОМӢ 3 МЕДАЛИ ДИГАРИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР БОЗИҲОИ ҲАМБАСТАГИИ ИСЛОМӢ 3 МЕДАЛИ ДИГАРИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР БОЗИҲОИ ҲАМБАСТАГИИ ИСЛОМӢ

17.08.2022

: 343

16-уми август, ду рӯз қабл аз анҷоми 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Қунияи Туркия варзишгарони мо дар мусобиқаи ҷудо 3 медал – 1 нуқра, 2 биринҷӣ ба даст оварданд. Шумораи медалҳои ҳайати олимпии Тоҷикистон ба 7 адад расид.

Медали нуқраро паҳлавони маъруфи кишвар Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг сазовор шуд. Комроншоҳ, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар намояндаи Эрон Сайидмуҳаммадризо Саидаминӣ, дар чорякфинал бар варзишгари мизбон Омер Айдин ва дар нимфинал бар ҷудочии Лубнон Карамноб Сагаипов ғолиб омад, вале дар финал аз намояндаи дигари мизбон Михаел Зганк мағлуб шуд.

Медалҳои биринҷиро Шодмон Ризоев дар вазни -81кг ва Абубакри Акобир дар вазни -100кг ба даст оварданд.

Шодмон дар даври дуюм намояндаи Тунис Ҳачем Селамми, дар чорякфинал ҷудочии овозадори ӯзбек Шарофиддин Болтабоевро шикаст дода, ба нимфинал баромад. Дар ин давр Шодмон аз намояндаи АМА Нугзари Туталашвилӣ мағлуб шуд. Ӯ сипас дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм варзишгари қирғиз Асад Масабировро мағлуб кард.

Абубакр ҳам дар даври аввал озод буд ва дар чорякфинал бар намояндаи Қазоқистон Ислом Бозбоев пирӯз шуда, ба даври нимфинал баромад. Вале дар ин давр аз варзишгари Узбекистон Музаффарбек Турабоев мағлуб шуд ва барои ба даст овардани медали биринҷӣ варзишгари покистонӣ Қайсар Хонро мағлуб кард.

Ёдрас мешавем, ки қаблан дар варзиши сабук варзишгари мо Илдар Аҳмадиев, дар пара-тенниси рӯи миз Екатерина Ишенко медали нуқра ва дар гуштини юнонӣ-римӣ Асламҷон Азизов дар вазни -55кг ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни -63кг медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Бозиҳо 18-уми август анҷом меёбад. Варзишгарони мо дар намуд каратэ мусобиқаро идома медиҳанд.

Пас аз натиҷагирии ҳашт рӯз дар 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ кишвари мизбон – Туркия пешсаф аст. Варзишгарони мизбон сазовори 265 медал (106 тилло, 89 нуқра, 70 биринҷӣ) гардидаанд. Узбекистон бо 43 медали тилло, 30 нуқра, 48 биринҷӣ (121 медал) дар ҷои дуюм, Эрон бо 37 медали тилло, 35 нуқра, 44 биринҷӣ (116 медал) дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.

Тоҷикистон бо 3 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ миёни 56 кишвари иштирокчӣ дар ҷои 27-ум аст.