Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ОЛӢ: НАТИҶАИ ДАВРИ 12-УМ

15.08.2022

: 213

Ҳафтаи гузашта, пас аз танаффуси якмоҳа, бозиҳои даври дувоздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Бозии аввали давр 10-уми август миёни дастаҳои “Хуҷанд” – “Истиқлол” баргузор шуд. Дар ин дидор тими Душанбе бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. 12 август 2 бозӣ сурат гирифт. “Истаравшан” дар бозии хонагӣ бар тими “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 3:0, “Файзканд”-и Восеъ бар тими «Равшан»-и Зафаробод бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд. 13 август “Эсхата”-и Хуҷанд тими КМВА-ро бо ҳисоби 3:2 ва 14 август “Регар-ТадАЗ” дар сафар тими “Хатлон”-и Бохтарро бо ҳисоби 1:0 шикаст доданд.

Бозиҳои даври навбатӣ 20-21 август ба нақша гирифта шудааст. Дар даври 13-ум КМВА бо «Истаравшан», «Равшан» (Зафаробод) бо «Эсхата», «Регар-ТадАЗ» бо «Файзканд», «Равшан» (Кулоб) бо «Хуҷанд» ва «Истиқлол» бо «Хатлон» вомехуранд.