Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҶОИ СЕЮМИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022 (U-19)

ҶОИ СЕЮМИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022 (U-19) ҶОИ СЕЮМИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022 (U-19)

13.08.2022

: 262

Дар шаҳри Душанбе 3-юм Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни ҷавонони то 19-сола бо пирӯзии тими Эрон ба анҷом расид.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев ҷои сеюмро гирифт. Дар даври ҷамъбастӣ мунтахаби Тоҷикистон аз тими ҷавонон Эрон бо ҳисоби 0:4 шикаст хурд. Дар бозии дигар Узбекистон ва Афғонистон мусовӣ (1:1) бозӣ карданд.

Дар се бозии қаблиаш тими Тоҷикистон бар дастаҳои Афғонистон (4:1) ва Қирғизистон (3:1) ғалаба карда, аз тими ҷавонони Узбекистон мағлуб (0:3) шуд.

Ҳамин тариқ, мунтахаби ҷавонони Эрон бо 8 хол ғолиби Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ гардид. Ду даста – Узбекистон ва Тоҷикистон 6-холӣ ба даст оварданд, вале аз ҳисоби бозии байни дастаҳо нуқра ба Узбекистон, биринҷӣ ба Тоҷикистон расид.

Ҷоизаи «Fair Play» ба тими Афғонистон тақдим шуд. Шаҳриёр Ҷабборов аз тими Узбекистон бо 3 гол беҳтарин нишонзан ва капитани тими Эрон Муҳаммад Амин Ҳазбавӣ беҳтарин бозигар дониста шуданд.