Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҶУДОЧИЁНИ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ШИРКАТ МЕКУНАНД

08.08.2022

: 360

10-13 август дар шаҳри Гуаякили Эквадор Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон баргузор мешавад.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо, ҷиҳати иштирок дар чемпионат 389 варзишгар (218 писар, 171 духтар) аз 65 давлат сабти ном шудаанд.

Ҷумҳурии моро 7 варзишгар миёни писарон намояндагӣ мекунанд – Абубакр Шеров (-66кг), Нуралӣ Эмомалӣ (-66кг), Масъуди Аҳмадзод (-73кг), Суннатулло Лоиқов (-81кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (-81кг), Эмомризо Анварзода (-100кг) ва Мансур Раҳмон (+100кг).

Дар асоси барнома рӯзи аввал – 10-уми август Абубакр ва Нуралӣ, 11-уми август Масъуд, 12-уми август Суннатулло ва Муҳаммадҷон, 13-уми август Эмомризо ва Мансур гуштин мегиранд.

Ба ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал ҷоизапулӣ тақдим мегардад. Ғолибони ҳамаи вазнҳо бо 2500 доллари ИМА, барандагони медали нуқра бо 1500 доллар ва барандагони медали биринҷӣ бо 850 доллари ИМА сарфароз мешаванд.