Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ТЕННИС МИЁНИ НАВРАСОН ҶАМЪБАСТ ШУД

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ТЕННИС МИЁНИ НАВРАСОН ҶАМЪБАСТ ШУД ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ТЕННИС МИЁНИ НАВРАСОН ҶАМЪБАСТ ШУД

06.08.2022

: 369

1-6 август дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе 12-ум Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасони то 16-сола барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре аз Федератсияи тенниси Тоҷикистон хабар доданд, дар мусобиқа варзишгарон аз 7 давлат - Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Покистон ва Шведсия иштирок карданд. Мусобиқа ба таври инфиродӣ ва ҷуфтӣ миёни писарону духтарон доир гашт.

Дар натиҷаи 5 рӯзи рақобатҳо дар сабқати инфиродӣ миёни писарон ду ҷои аввалро варзишгарони Тоҷикистон ишғол намуданд. Сомон Амонов сазовори медали тилло, Фарҳод Ғайратзода сазовори медали нуқра шуданд. Ҷои сеюм насиби варзишгари Покистон Муҳаммад Алӣ Ризвон Ҳайдар гардид.

Миёни духтарон бошад, ду ҷои аввал насиби намояндагони Қазоқистон шуд. Ҷои аввалро Данаия Амангажиева, ҷои дуюмро София Сафиулина сазовор шуданд. Медали биринҷиро варзишгари мо Аниса Яҳёева ба даст овард.

Дар сабқати ҷуфти писарон Сомон Амонов (Тоҷикистон) ва Муҳаммад Алӣ Ризвон Ҳайдар (Покистон) ғолиб шуданд. Медали нуқра насиби ҷуфти Қосим Аҳмадҷон / Фарҳод Ғайратзода (Тоҷикистон) гардид.

Миёни духтарон Данаия Амангажиева ва София Сафиулина (Қазоқистон) ҷои аввалро гирифтанд. Онҳо дар финал бар ҷуфти Ёсуман Салимова / Сумая Тухтаева (Тоҷикистон) пирӯз шуданд.

Хотиррасон мешавем, ки нахустин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2005 доир шуд ва соли 2021 мусобиқа ба тақвими мусобиқоти Федератсияи байналмилалии теннис ворид гардид.