Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҲАЙАТИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОЗИҲОИ ҲАМБАСТАГИИ ИСЛОМӢ ШИРКАТ МЕКУНАД

01.08.2022

: 518

9-18 август дар шаҳри Қунияи Туркия 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ баргузор мешавад.

Дар бозиҳо иштироки беш аз 3000 варзишгар аз 57 давлати узви Федератсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ дар назар аст. Аз ҷумла, бо қарори Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҳайати олимпии Тоҷикистон иборат аз 65 нафар (48 варзишгар) ба Қуния сафарбар мегардад.

Ба барномаи бозиҳо 20 намуди варзиш: варзиши сабук, камонварӣ, баскетбол, бочча, велосипедронӣ, шамшербозӣ, футбол, гимнастика, ҳендбол, ҷудо, каратэ, кикбоксинг, тирпаронии варзишӣ, шиноварӣ, тенниси рӯи миз, таеквондо, волейбол, варзиши вазнин, гуштини варзишӣ ва камонварии анъанавӣ ворид шудааст. Ҳамчунин дар намудҳои тенниси рӯи миз, варзиши сабук, шиноварӣ ва камонварӣ мусобиқаҳо миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд доир мегардад.

Варзишгарони мо дар ҳашт намуди варзиш – варзиши сабук, камонварӣ, ҷудо, каратэ, тенниси рӯи миз, таеквондо, варзиши вазнин ва гуштини варзишӣ сабқат мекунанд.

Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ аз соли 2005 ҳар чор сол як маротиба доир мегардад. Варзишгарони тоҷик дар бозиҳо ҳамагӣ 6 медал (як тилло, як нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст овардаанд.

Дар аввалин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки соли 2005 дар Арабистони Саудӣ баргузор шуда буд, Дилшод Назаров дар гурзандозӣ медали тилло ва Насҳиддин Ворисов дар риштаи таеквондо (WT) дар вазни то 54 кило медали нуқра ба даст оварданд.

4 медали дигарро варзишгарони мо дар 4-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки моҳи майи соли 2017 дар пойтахти Озарбойҷон - шаҳри Боку – доир гардид, дар варзишҳои зурхонаӣ сазовор шуданд. Наврӯз Арабов дар равияҳои “санг” ва “мили сангин” соҳиби ду медали биринҷӣ шуд. Ду медали дигари биринҷиро Абдуалӣ Назаралӣ дар мусобиқаи “чархи чаманӣ” ва Исмоил Сангов дар “каббода” гирифтанд.

ҲАЙАТИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 5-УМ БОЗИҲОИ ҲАМБАСТАГИИ ИСЛОМӢ – ҚУНИЯ-2022:

НАМОЯНДАГОНИ РАСМӢ
1. Абдуллозода Муҳаммадшо, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон
2. Салимбекзода Улуғбек, директори Департаменти робитаҳои берунӣ ва кор бо барномаҳои олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон
3. Собирзода Бахтиёр, директори Департаменти хазинадории Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон



ВАРЗИШИ САБУК
4. Аҳмадиев Илдар (100м; ҷаҳиш ба дарозӣ)
5. Музрапов Фаворис (100м; 200м)
6. Пронженко Александ (200м; 400м)
7. Пронженко Леонид (110м бо монеаҳо; 400м бо монеаҳо)
8. Саидалиев Салим (ҷаҳиш ба баландӣ; ҷаҳиши секарата)
9. Негматов Ғайрат - мураббӣ



ТАЕКВАНДО
10. Ойматова Муниса (-53кг)
11. Суннатов Маҳмадҷон (-63кг)
12. Шомаҳмадов Муҳаммадҳасан (-74кг)
13. Фозилов Исломиддин - мураббӣ



КАРАТЭ
14. Сатторова Санобар (-50кг)
15. Тешаев Муҳаммад (-60кг)
16. Фаттоев Асадбек (-75кг)
17. Раҳимов Фаррухҷон (-84кг)
18. Доменко Тимур (+84кг)
19. Бодаков Муҳаммад - мураббӣ
20. Сафаров Насим - намоянда



ҶУДО
21. Муъминова Аҳлия (-52кг)
22. Қаландарова Шоҳида (-57кг)
23. Одинаева Мавлуда (-70кг)
24. Саидаброров Шаҳбоз (-66кг)
25. Сарахонов Муҳаммадраҳим (-73кг)
26. Маҳмадбеков Сомон (-81кг)
27. Ризоев Шодмон (-81кг)
28. Устопириён Комроншоҳ (-90кг)
29. Маҷидов Ҷаҳонгир (-90кг)
30. Абубакри Акобир (-100кг)
31. Абдураҳмонов Муҳаммадмурод - мураббӣ
32. Маҳмадбеков Фотеҳ - мураббӣ
33. Саидова Шамсия - намоянда

ВАРЗИШИ ВАЗНИН
34. Шукуров Илҳомҷон (81кг)



ТЕННИСИ РӮИ МИЗ
35. Султонов Убайдулло
36. Маҳмудов Афзал
37. Исмоилов Ҷамшед
38. Исмоилзода Иброҳим
39. Одинаев Некрӯз
40. Раҳмонзода Иноятулло
41. Исмоилова Динара
42. Ахмедов Зокир - мураббӣ
43. Чао Чангхао - мураббӣ
44. Шарипова Файзинисо - табиб

ПАРА-ТЕННИСИ РӮИ МИЗ
45. Екатерина Ишенко

ГУШТИН
ТАРЗИ ОЗОД
46. Шакаршоева Ватансултон (-53кг)
47. Воҳидов Ҳикматулло (-57)
48. Икромов Муҳаммад (-61кг)
49. Шарифов Ҷамшед (-70кг)
50. Шарипов Ғуломҷон (-74кг)
51. Икромов Сомон (-79кг)
52. Маҳмадбеков Раҳмон (-97кг)

ЮНОНӢ-РИМӢ
53. Азизов Аслам (-55кг)
54. Мирзораҷабов Фирӯз (-63кг)
55. Очилов Шероз (-72кг)
56. Абдулҳаев Суҳроб (-82кг)
57. Ҳасанов Бахтовар (-87кг)
58. Сафаров Мирзоамин (-97кг)
59. Олимов Абдурозиқ - мураббӣ
60. Ҳайдаров Равшан - мураббӣ
61. Раҳмонов Фаррухрӯз - мураббӣ
62. Баҳромов Шодӣ - намоянда



КАМОНВАРӢ
63. Роберт Нам
64. Аҳмадова Дилноза
65. Зубайдова Фирӯза