Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

269 МЕДАЛИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ШАШ МОҲИ АВВАЛИ СОЛИ 2022

30.07.2022

: 400

29 июл нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Раиси Кумита Раҳмонзода Абдулло иброз намуд, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ варзишгарони кишвар дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалии варзишӣ сазовори 269 медал, аз ҷумла 64 медали тилло, 77 нуқра ва 128 медали биринҷӣ шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38 медали тилло, 43 медали нуқра ва 97 медали биринҷӣ зиёд мебошад.

- Давоми нимсолаи якуми соли 2022 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 44 иншооти нави варзишӣ, аз ҷумла 28 майдончаи варзишӣ, 13 толори варзишӣ ва 3 маҷмааи варзишӣ бо харҷи 86 миллиону 56 ҳазору 884 сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст, ки 9 миллиону 438 ҳазору 884 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ва 76 миллиону 618 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби сарпарастон мебошад, - гуфт А. Раҳмонзода.

Вобаста ба баргузории чорабиниҳои варзишӣ гуфта шуд, ки аз ҷониби Кумита, сохторҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои системаи он дар ҷумҳурӣ дар шаш моҳ 22 620 чорабинии оммавӣ – варзишӣ, солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ бо фарогирии 1 миллиону 979 ҳазору 250 нафар, аз ҷумла 338 ҳазору 431 нафар бонувон ва бо ҷалби қариб 1 миллиону 300 ҳазор нафар мухлис баргузор карда шуд.