Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ШОҲМОТБОЗОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ ШИРКАТ МЕКУНАНД

26.07.2022

: 372

Дастаи мунтахаби шоҳмотбозони тоҷик зери роҳбарии ноиби раиси Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Хуршед Ватанов бо мақсади иштирок дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот ба Ҳиндустон сафар намуд.

Дастаи мунтахаби шоҳмоти Тоҷикистон аз 12 нафар – 6 нафар зан, 6 нафар мард иборат аст. Ба дастаи бонувон Надежда Антонова, Мутриба Ҳотамӣ, Сабрина Абророва, Рухшона Саидова, Лидия Антонова ва Саодат Одинаева шомиланд.

Тими мардонаи кишвар бошад, аз Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев, Алишер Каримов, Мустафохуҷа Ҳусейнхоҷаев, Меҳриддин Шарифов, Илҳоми Ҷалолиддин ва Шораҳмат Ҳисориев таркиб ёфтааст.

45-ум Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот аз 28-уми июл то 9-уми августи соли равон дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон баргузор мегардад. Дар Олимпиада шумораи рекордии дастаҳо – 188 тими мардон ва 150 тими бонувон ширкат хоҳанд кард.

Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот аз соли 1924 дар 2 сол як маротиба баргузор мешавад. Соли 2018 чорабинӣ дар шаҳри Батумии Гурҷистон доир гардид буд. Бо сабаби пандемияи коронавирус солҳои 2020, 2021 олимпиада ба таври фосилавӣ баргузор шуд.