Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ПАРИЖ-2024 ШИОРИ БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ 2024-РО ЭЪЛОН КАРД

26.07.2022

: 326

“Ouvrons grand les Jeux”, ки тарҷумааш "Бозиҳои ба таври васеъ кушода" аст, ҳамчун шиори Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Париж-2024 муаррифӣ шудааст.

Кумитаи тадорукоти бозиҳо дар як навори видеоӣ шиорро эълон кард, ки дар он "даъват барои омадан ва таҷриба кардани маҷмӯи пурраи эҳсосоти нав" пешниҳод шудааст.

Дар навор омезиши бисёр намудҳои варзиш ва пара-варзиш дар барномаи Париж-2024 ва инчунин лаҳзаҳо аз таърихи бозиҳо иборат аст. Брейкданс, ки дар Олимпиадаи соли 2024 пешниҳод карда шудааст, дар ин навор мавқеи намоён дорад.

Ба гуфтаи созмондиҳандагон, шиори “Ouvrons grand les Jeux” ҳадафи таъкиди баробарии гендериро дар робита ба иштироки варзишгарон дар Париж-2024 бо 5250 варзишгари марду зан пешбинӣ кардааст.

Интишори шиор дар ҳолест, ки Париж-2024 имрӯз санаи ду сол то маросими ифтитоҳи Олимпиадаро таҷлил мекунад.

Шиори Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 "Бо эҳсосот муттаҳид шудан" буд, дар ҳоле ки Пекин-2022 ҳамчун шиори расмӣ "Якҷоя барои ояндаи муштарак"-ро истифода бурд.