Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИИ КОМИССИЯИ ВАРЗИШГАРОНИ КМОТ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИН БАЛХӢ

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИИ КОМИССИЯИ ВАРЗИШГАРОНИ КМОТ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИН БАЛХӢ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИИ КОМИССИЯИ ВАРЗИШГАРОНИ КМОТ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИН БАЛХӢ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИИ КОМИССИЯИ ВАРЗИШГАРОНИ КМОТ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИН БАЛХӢ

22.07.2022

: 372

21-22 июл семинари навбатии омӯзишии Комиссияи варзишгарони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ) дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ доир шуд.

Дар семинари дурӯза, ки бо роҳбарии раиси Комиссияи варзишгарони КМОТ, директори генералии КМОТ Мавзуна Чориева доир гашт, бо варзишгарони ҷавон масъалаҳои барои онҳо алоқаманд, мисли мубориза бо допинг, бозии одилона, Кодекси одоби варзишгар, фаъолияти Комиссияи варзишгарони Кумитаи байналмилалии олимпӣ, Комиссияи варзишгарони КМОТ, дастгирии варзишгарон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра муҳокима гардиданд.

Ҳамчунин, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ намояндагии Комиссияи варзишгарони КМОТ таъсис дода шуд.

Бо ҳамин, тибқи нақша се семинари омӯзишии Комиссияи варзишгарони КМОТ дар шаҳри Исфара (Суғд), ноҳияҳои Дарвоз (ВМКБ) ва Ҷалолиддин Балхӣ (Хатлон) баргузор шуданд. Намояндагиҳои Комиссияи варзишгарони КМОТ минбаъд имкон доранд, фаъолияташонро ҷоннок намуда, дар ҳалли мушкилоти варзишгарон мусоидат кунанд.

Ёдовар мешавем, ки Комиссияи варзишгарони КМОТ соли 2020 таъсис ёфта, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева раиси комиссия интихоб шуд. Намояндагони Комиссияи варзишгарон тибқи тавсияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба узвияти Ассамблеяи генералӣ ва Кумитаи иҷроияи КМОТ интихоб гардиданд.