Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

АМАЛИШАВИИ БАРНОМАИ “РУШДИ СОХТОРИ ВАРЗИШИ ҶУДО” ДАР МАВЗЕИ “ЧИЛДУХТАРОН”-И МӮЪМИНОБОД

АМАЛИШАВИИ БАРНОМАИ “РУШДИ СОХТОРИ ВАРЗИШИ ҶУДО” ДАР МАВЗЕИ “ЧИЛДУХТАРОН”-И МӮЪМИНОБОД АМАЛИШАВИИ БАРНОМАИ “РУШДИ СОХТОРИ ВАРЗИШИ ҶУДО” ДАР МАВЗЕИ “ЧИЛДУХТАРОН”-И МӮЪМИНОБОД АМАЛИШАВИИ БАРНОМАИ “РУШДИ СОХТОРИ ВАРЗИШИ ҶУДО” ДАР МАВЗЕИ “ЧИЛДУХТАРОН”-И МӮЪМИНОБОД АМАЛИШАВИИ БАРНОМАИ “РУШДИ СОХТОРИ ВАРЗИШИ ҶУДО” ДАР МАВЗЕИ “ЧИЛДУХТАРОН”-И МӮЪМИНОБОД АМАЛИШАВИИ БАРНОМАИ “РУШДИ СОХТОРИ ВАРЗИШИ ҶУДО” ДАР МАВЗЕИ “ЧИЛДУХТАРОН”-И МӮЪМИНОБОД

19.07.2022

: 331

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва дастгирии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) барномаи “Рушди сохтори миллии варзиши ҷудо”-ро амалӣ менамояд.

Дар доираи барнома, ки бо маблағгузории Комиссияи ҳамбастагии олимпии КБО сурат гирифт, семинари омӯзишӣ барои мураббиён ва доварон дар мавзеи “Чилдухтарон”-и ноҳияи Муъминобод доир гашт. Ба семинар мураббиёну доварон аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру навоҳии тобеи марказ ҷалб шуданд.

Машғулияти омӯзишӣ аз ҷониби коршиноси сатҳи байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон Атоулло Аббоснажод ва довари дараҷаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон Рамзӣ Шамиров ба таври назариявӣ ва амалӣ ҷараён гирифт.

Мақсад аз баргузории семинар баланд бардоштани малакаю маҳорати мураббиён ва доварони ҷудо мебошад. Умед карда шуд, ки мураббиён дониши андухтаашонро ба даспарварон меомӯзонанд ва минбаъд сатҳу сифати баргузории мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ боз ҳам тақвият меёбад.

Ҷараёни баргузории семинари омӯзиширо раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода назорат карда, ба мураббиёну доварон дар фаъолияти минбаъдаашон муваффақият хост.

Ёдовар мешавем, ки чунин семинарҳо дар доираи барнома дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд баргузор шуда буданд.