Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҶОИ ҲАФТУМИ ҶАҲОНГИР ДАР “ZAGREB GRAND PRIX”

18.07.2022

: 374

15-17 июл дар пойтахти Хорватия мусобиқаи “Zagreb Grand Prix 2022” баргузор шуд.

Ёдрас мешавем, ки дар мусобиқаи Загреб ҷумҳурии моро 7 нафар намояндагӣ карданд: Муҳаммад Маҳмадизода, Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60кг), Шаҳбоз Саидаброров, Алиҷон Сафаралиев (-66кг), Наврӯз Каримзод (-73кг), Шодмон Ризоев (-81кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг).

Дар миёни иштирокчиён натиҷаи беҳтарро Ҷаҳонгир Маҷидов нишон дод. Ӯ нерӯсанҷиро аз даври дуюм шуруъ карда, бар намояндаи Латвия Алексей Зарудневс, дар даври сеюм бар ҷудочии маъруфи сербӣ Неманя Майдов пирӯз шуд, вале дар чорякфинал аз варзишгари Бразил Рафаэл Маседо ва дар қувваозмоии тасаллобахш аз намояндаи Нидерланд Ноэл Ван`т Энд мағлуб гардида, ҷои ҳафтумро гирифт.

Муҳаммад Маҳмадизода (-60кг) рақобатро аз даври дуюм муқобили Якоб Мор аз ИМА оғоз карда, пирӯз шуд, аммо дар даври сеюм аз ҷудочии ботаҷрибаи Ҷопон Генки Кога мағлуб гардид. Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60кг) низ ба рақобат аз даври дуюм пардохта, аз намояндаи Гурҷистон Гиорги Сардалашвили ноком шуд.

Алиҷон Сафаралиев (-66кг) дар нахустин қувваозмоияш аз Страхиня Бунчич (Сербия) шикаст хурд. Дар ин вазн Шаҳбоз Саидабуроров нерусанҷиро аз даври дуюм бар зидди Майкл Фрайер аз Бритониёи Кабир шуруъ карда, ғолиб шуд. Мутаассифона, дар даври сеюм аз Ҷе-Ҳон Ан аз Корея мағлуб гардид.

Наврӯз Каримзод (-73кг) ва Шодмон Ризоев (-81кг) дар нахустин рақобаташон аз ҷудокорони Полша – Ксавери Морка ва Себастян Мартсинкевич бо гирифтани се танбеҳ ноком шуданд.