Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ИЛДАР АҲМАДИЕВ – ЯГОНА НАМОЯНДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ВАРЗИШИ САБУК

12.07.2022

: 273

15-24 июл дар шаҳри Юҷини штати Орегони Штатҳои Муттаҳидаи Амрико Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук баргузор мешавад.

Дар чемпионат, ки аз рӯи 49 мусобиқа (48 мусобиқа миёни мардон, 48 мусобиқа миёни бонувон ва 1 мусобиқаи омехта) баргузор мешавад, 1900 варзишгар аз 200 давлати дунё ширкат мекунанд.

Ҷумҳурии моро дар ин чемпионат иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 Илдар Аҳмадиев дар дав ба масофаи 100 метр намояндагӣ мекунад. Мусобиқаи дав ба масофаи 100 метр миёни мардҳо дар Юҷин 15-16 июл доир мегардад.

Илдар 1 марти соли 2000 дар шаҳри Ҳисор таваллуд шудааст. Донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба варзиши сабук мебошад. Таҳти роҳнамоии мураббӣ Ғайрат Неъматов тамрин мекунад. Илдар дар дав ба масофаи 100 метр ва ҷаҳиш ба дарозӣ солҳои 2019-2021 дар мусобиқаи гуногуни байналмилалӣ соҳиби ҷоизаҳо гардидааст.

Дар доираи Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар Юҷин, ҳамчунин Конгресси Созмони варзиши сабуки ҷаҳонӣ баргузор мегардад, ки дар он ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон Дилшод Назаров ширкат мекунад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Тоҷикистон дар чемпионатҳои ҷаҳон оид ба варзиши сабук 3 медал дорад – 2 тилло, 1 нуқра. Медалҳои тиллоро солҳои 1993 (Штутгарди Олмон) ва 1995 (Гетеборги Шведсия) Андрей Абдувалиев ва медали нуқраро соли 2015 (Пекини Чин) Дилшод Назаров дар риштаи гурзандозӣ ба даст овардаанд.