Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК БА БУДАПЕШТ МЕРАВАНД

05.07.2022

: 409

Сайри ҷаҳонии ҷудо бо мусобиқаи байналмилалии “Grand Slam Hungary 2022” идома меёбад.

Мусобиқа 8-10 июл дар шаҳри Будапешти Маҷористон бо иштироки 463 варзишгар (265 мард, 198 зан) аз 66 давлат баргузор мешавад. Аз ҷумла аз ҷумҳурии мо 5 варзишгар – Муҳаммад Маҳмадизода (-60кг), Шаҳбоз Саидаброров (-66кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг) ва Комроншоҳ Устопириён (-90кг) – ба Будапешт сафарбар мегарданд.

Ин дуюм мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 маҳсуб меёбад. Радабандии олимпии ҷудо, аллакай пас аз натиҷагирии Гранд Слами Улан Батор шакл гирифт, ки се варзишгари мо – Беҳрӯз Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (-73кг) ва Амирҷони Насимҷон (-90кг) ба он ворид шуданд.

Тибқи низомномаи мусобиқа дар рӯзи аввал – 8-уми июл мо шоҳиди ҳунари Муҳаммад ва Шаҳбоз мегардем. Дар рӯзи дуюм – 9-уми июл Беҳрӯз ва дар рӯзи сеюм – 10-уми июл Ҷаҳонгир ва Комроншоҳ гуштин мегиранд.

Чун анъана ба ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал ҷоизапулӣ дода мешавад. Ба ғолиби ҳар вазн 5000 евро, ба барандаи медали нуқра – 3000 ва бар барандагони ду медали биринҷӣ 1500-евроӣ пешбинӣ шудааст.