Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МЕДАЛИ НУҚРАИ АЛИРИЗО ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГУШТИН

05.07.2022

: 442

Дар рӯзи ниҳоии Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни наврасони то 15-сола варзишгари мо Алиризо Баҳромов медали нуқра ба даст овард.

Алиризо дар вазни -68кг-и гуштини тарзи озод дар ду давр бар варзишгарони Қирғизистон (Элхан Эрмеков) ва Қазоқистон (Ербол Маратулӣ), инчунин дар нимфинал бар варзишгари Ҳиндустон (Нишант Руҳил) ғалаба карда, ба финал баромад. Ӯ дар финал аз варзишгари Эрон Ризо Алиакбар Афшор мағлуб гардида, сазовори медали нуқра шуд.

Варзишгари дигарамон, бародари Алиризо Идрис Баҳромов дар вазни -48кг гуштин гирифт, вале аз медал бенасиб монд.

Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни наврасон (U15) ва ҷавонон (U20) дар шаҳри Манамаи Баҳрайн то 10 июл идома меёбад.

Қувваозмоиҳо миёни наврасон ба анҷом расид. Аз имрӯз, 5 июл то 10 июл қувваозмоиҳо миёни ҷавонон баргузор мешавад. Дар ин синну сол кишвари моро се варзишгар – Фирӯз Мирзораҷабов (-60кг), Шероз Очилов (-72кг) дар гуштини юнонӣ-римӣ ва Саидасан Ашрафхонов (-74) дар гуштини озод намояндагӣ мекунанд.