Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МУНТАХАБИ БОНУВОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022 ИШТИРОК МЕКУНАД

04.07.2022

: 169

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон миёни бонувон таҳти роҳбарии сармураббӣ Юсуф Рабиев дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки аз 8 то 20 июл дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Дар нахустин чемпионати CAFA миёни дастаҳои мунтахаби бонувон панҷ тим – Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон ширкат мекунанд. Барои тими миллии Туркманистон ин нахустин иштирок дар мусобиқаҳои таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ пас аз пандемия хоҳад буд.

Дар маҷмуъ, дар доираи чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби бонувон даҳ бозӣ баргузор мешавад. Ҳама бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегарданд.

Тибқи низомнома Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои бонувон аз рӯйи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.

Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои миллии бонувон
Иштирокчиён: ТОҶИКИСТОН, Узбекистон, Эрон, Қирғизистон, Туркманистон.

Даври 1
8 июл (ҷумъа)
19:00 – Қирғизистон – Эрон
22:00 – Туркманистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 2
11 июл (душанбе)
19:00 – Туркманистон – Қирғизистон
22:00 – ТОҶИКИСТОН – Узбекистон

Даври 3
14 июл (панҷшанбе)
19:00 – Узбекистон – Туркманистон
22:00 – Эрон – ТОҶИКИСТОН

Даври 4
17 июл (якшанбе)
19:00 – Эрон – Туркманистон
22:00 – Қирғизистон – Узбекистон

Даври 5
20 июл (чоршанбе)
19:00 – Узбекистон – Эрон
22:00 – ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон