Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

2 МЕДАЛИ ГУШТИНГИРОНИ ТОҶИК ДАР РӮЗИ АВВАЛИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

04.07.2022

: 358

Дар рӯзи аввали Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни наврасони то 15-сола ва ҷавонони то 20-сола варзишгарони мо ду медал – 1 нуқра ва 1 биринҷӣ – ба даст оварданд.

Медали нуқраро Исоҷон Нураҳмадов дар вазни -68кг сазовор шуд. Қувваозмоиҳои ин вазн даврӣ сурат гирифта, Исоҷон дар даври аввал варзишгари Эрон Имад Ризо Муҳсиннажодро шикаст дода, дар даври дуюм аз намояндаи Ҳиндустон Кумар Сачин мағлуб шуд. Сипас, дар ду даври дигар бар намояндагони Қирғизистон (Ержан Оқилбек уулу) ва Қазоқистон (Еркебулан Анапиа) пирӯз гардид.

Варзишгари дигарамон Муҳаммад Абдуҳакимзода дар вазни -62кг медали биринҷӣ ба даст овард. Муҳаммад дар ду давр бар варзишгарони Қазоқистон (Ислом Гассимов) ва Ироқ (Алӣ Форис Абдулсоҳиб Ал-Талӣ) дастболо шуда, ба нимфинал баромад. Вале дар ин давр аз варзишгари Эрон Алиризо Аббос Муҳаммад Ҳусейнӣ мағлуб шуд. Ӯ сипас дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм дубора варзишгари Ироқ Алӣ Форис Абдулсоҳиб Ал-Талиро шикаст дод.

Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни наврасон (U15) ва ҷавонон (U20) дар шаҳри Манамаи Баҳрайн то 10 июл идома меёбад.

Ба иттилои Федератсияи гуштини Тоҷикистон, ҷумҳурии моро дар чемпионат 5 нафар миёни наврасон ва 3 нафар миёни ҷавонон намояндагӣ мекунанд.

Имрӯз нерусанҷиҳо миёни наврасон дар гуштини тарзи озод баргузор мешавад. Ду варзишгари мо Идрисҷон Баҳромов (48кг) ва Алиризо Баҳромов (68кг) гуштин мегиранд.

Аз фардо, 5 июл то 10 июл қувваозмоиҳо миёни ҷавонон баргузор мешавад.