Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ОЛӢ: НАТИҶАИ БОЗИҲОИ ДАВРҲОИ НУҲУМ ВА ДАҲУМ

30.06.2022

: 354

Ҳафтаи сипаришуда се бозии даври нуҳум ва се бозии даври даҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Бозиҳо бо иштироки тимҳои “Хуҷанд” ва КМВА бо сабаби ширкаташон дар Ҷоми КФО-2022 ба вақти дигар гузаронида шуд.

Дар доираи бозиҳои даври нуҳум “Истиқлол” дар сафар бар тими “Равшан”-и Зафаробод бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд. “Равшан”-и Кӯлоб бошад, дар майдони худ тими “Файзканд”-ро шикаст дод - 3:0. Дар бозии дигар “Истаравшан” бар “Эсхата” бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.

Ҳамин ҷуфтҳо дар даври даҳум низ бо ҳам вохурданд. Ин бор бозии дастаҳои “Файзканд” – “Равшан” (Кӯлоб) мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт. “Истаравшан” бар “Эсхата” бо ҳисоби 3:0 ва “Истиқлол” бар “Равшан” (Зафаробод) бо ҳисоби 7:0 пирӯз шуданд.

Бозиҳои даври 11-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ 3-5 июл ба нақша гирифта шудааст. 3-юми июл “Равшан” (Кӯлоб) – “Эсхата”, “Равшан” (Зафаробод) – “Хатлон”, “Регар-ТадАЗ” – “Истиқлол”, 4 июл КМВА – “Файзканд”, 5 июл “Истаравшан” – “Хуҷанд” вомехуранд.