Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ПАРИЖ-2024: СИСТЕМАИ ИНТИХОБИИ ФУТБОЛ

28.06.2022

: 352

Футбол аввалин маротиба соли 1900 ба барномаи Бозиҳои олимпӣ ворид гардид ва минбаъд мусобиқаи футбол дар ҳамаи бозиҳо, ба ғайр аз Бозиҳои тобистонаи олимпии Лос Анҷелес-1932, сурат мегирад.

Соли 1900 се тими футбол барои медалҳои олимпӣ қувва озмуданд. Нахуст клуби футболи «Юнион Франс де Спортс Атлетик»-и Фаронса бар тими донишгоҳии Белгия бо ҳисоби 6:2 ғалаба кард ва бо дастаи “Аптон Парк”-и Британияи Кабир вохурд. Бритониёиҳо дар ин дидор бо ҳисоби 4:0 пирӯз ва аввалин чемпионҳои олимпӣ гардиданд.

Футбол миёни бонувон бошад, аввалин маротиба соли 1996 дар Бозиҳои олимпии Атланта доир гардид.

Соли 2024 (26 июл – 11 август) дар Париж – пойтахти Фаронса XXXIII Бозиҳои Олимпиада баргузор мешавад. Ба барномаи бозиҳо 32 намуди варзиш, аз ҷумла футбол ворид гардидааст.

Дар намуди футбол 28 даста (16 даста миёни мардон, 12 даста миёни бонувон) иштирок мекунанд. Тибқи муқаррарот ба қораи Африқо 3,5* ҷой барои дастаҳои мардона, 2 ҷой барои дастаҳои занона, ба қораи Осиё низ 3,5* ҷой барои дастаҳои мардона, 2 ҷой барои дастаҳои занона, ба қораи Аврупо 3 ҷой барои дастаҳои мардона, 2 ҷой барои дастаҳои занона, ба қораи Амрикои Шимолӣ 2 ҷой барои дастаҳои мардона, 2 ҷой барои дастаҳои занона, ба қораи Амрикои Ҷанубӣ низ 2 ҷой барои дастаҳои мардона, 2 ҷой барои дастаҳои занона ва ба Уқёнус 1 ҷой барои дастаҳои мардона, 1 ҷой барои дастаҳои занона ҷудо гардидааст. Ҳамчунин, ҳам тими мардон ва тими бонувони кишвари мизбон ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпиро доранд.

*Осиё ва Африқо дар бозии плей-офф иштирокии чоруми худро муайян мекунанд.

Барои бонувон синну сол маҳдуд нест, вале миёни мардон дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-23) дар Бозиҳои олимпӣ иштирок менамоянд.

Мусобиқаи футбол дар Бозиҳои олимпии Токио-2020

Мардҳо
Дастаҳои иштирокчӣ – 16
Синну сол – то 23

Квота ба қораҳо:
Аврупо – 3 даста
Амрикои Ҷанубӣ – 2 даста
Амрикои Шимолӣ – 2 даста
Африқо – 3.5 даста
Осиё – 3.5 даста
Уқёнус – 1 даста

Квота барои кишвари мизбон – 1

Бонувон
Дастаҳои иштирокчӣ – 12
Синну сол – бе маҳдудият

Квота ба қораҳо
Аврупо – 2 даста
Амрикои Ҷанубӣ – 2 даста
Амрикои Шимолӣ – 2 даста
Африқо – 2 даста
Осиё – 2 даста
Уқёнус – 1 даста

Квота барои кишвари мизбон - 1