Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҶОМИ КФО-2022: КМВА 10-НАФАРА АЗ «СУҒДИЁНА» ШИКАСТ ХӮРД

ҶОМИ КФО-2022: КМВА 10-НАФАРА АЗ «СУҒДИЁНА» ШИКАСТ ХӮРД ҶОМИ КФО-2022: КМВА 10-НАФАРА АЗ «СУҒДИЁНА» ШИКАСТ ХӮРД

28.06.2022

: 169

Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 дар гурӯҳи «Е» барандаи медали биринҷии Чемпионати Тоҷикистон - КМВА-и Душанбе, ки тақрибан тамоми қисми дуюми вохӯриро бо даҳ нафар бозӣ кард, аз дастаи «Суғдиёна»-и Узбекистон бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд.

Дар ҳайати дастаи шаҳри Душанбе Элчибек Рашидбеков ва Хуршед-Тимур Ҷӯраев гол заданд. Шоҳрӯз Норхонов дар ҳайати «Суғдиёна» ба номаш дубл сабт кард. Як голи дигарро Ҷасур Ҳасанови 38-сола ба самар расонд.

Дар вохӯрии дигари гурӯҳи «Е» чемпиони Туркманистон «Олтин Асир» бар барандаи Ҷоми Қирғизистон дар мавсими гузашта «Нефтчӣ» бо ҳисоби 1:0 ғалаба ба даст овард. Муаллифи голи ягона ва пирӯзиовар Мурат Аннаев гардид.

Ҳамин тариқ, пас аз ду даври бозиҳо «Суғдиёна» шаш имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвали мусобиқа пешсаф аст. «Олтин Асир» 4 хол ва КМВА як хол доранд.

Тақдири ҷойи аввали гурӯҳ 30-юми июн паз аз рақобати дастаҳои «Суғдиёна» ва «Олтин Асир» муайян мегардад. Барои баромадан ба даври навбатӣ ба клуби Узбекистон ҳисоби мусовӣ басанда аст, дар ҳоле ки «Олтин Асир»-ро барои идомаи мубориза дар Ҷоми КФО танҳо пирӯзӣ зарур мебошад.

Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 КМВА-и Душанбе рӯзи 30-юми июн бо тими «Нефтчӣ» бозӣ мекунад. Ин дидор дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 22:00 оғоз мегардад.