Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МЕДАЛИ НУҚРАИ АСЛАМҶОН АЗИЗОВ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ МИЁНИ ҶАВОНОН

МЕДАЛИ НУҚРАИ АСЛАМҶОН АЗИЗОВ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ МИЁНИ ҶАВОНОН МЕДАЛИ НУҚРАИ АСЛАМҶОН АЗИЗОВ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ МИЁНИ ҶАВОНОН

25.06.2022

: 336

24 июн дар Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни ҷавонон (U-23) дар равияи юнонӣ-римӣ, ки дар Бишкеки Қирғизистон ҷараён дорад, варзишгари тоҷик Асламҷон Азизов дар вазни -55кг медали нуқра ба даст овард.

Рақобатҳои ин вазн тибқи системаи даврӣ баргузор шуда, Асламҷон дар даври аввал бар Аҷай Аҷайи ҳиндустонӣ ғалаба карда, дар даври дуюм аз варзишгари Қазоқистон Ерсин Абир шикаст хурд. Ӯ сипас дар даври сеюм бар варзишгари мизбон Уран Муратбек уулу пирӯз гардид, дар даври чорум аз намояндаи Узбекистон Ихтиёр Ботиров мағлуб шуд.

Ҳамин тариқ, Асламҷон бо ду пирӯзӣ ва ду бохт ҷои дуюмро гирифт. Ҷои аввал бо 3 пирӯзӣ ва як бохт насиби Ихтиёр Ботирови узбекистонӣ ва ҷои сеюм бо ду ғалаба, ду бохт насиби Ерсин Абир (Қазоқистон) шуд.

Чемпионати Осиё миёни ҷавонон фардо идома меёбад. Ҷумҳурии моро 6 нафар намояндагӣ мекунанд.