Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ОЛИМПӢ ДАР ДУШАНБЕ

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ОЛИМПӢ ДАР ДУШАНБЕ ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ОЛИМПӢ ДАР ДУШАНБЕ ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ОЛИМПӢ ДАР ДУШАНБЕ ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ОЛИМПӢ ДАР ДУШАНБЕ ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ОЛИМПӢ ДАР ДУШАНБЕ ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ОЛИМПӢ ДАР ДУШАНБЕ

24.06.2022

: 141

Шоми 23-юми июн дар Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт ба ифтихори Рӯзи байналмилалии олимпӣ Фестивали олимпӣ баргузор шуд.

Дар чорабинӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ) Раҳмонзода Абдулло, ноиби Президенти КМОТ, чемпиони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров, котиби генералии КМОТ Абдуллозода Муҳаммадшо, директори генералии КМОТ, ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ Мавзуна Чориева, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Парвиз Собирзода ва дигар масъулини соҳа ширкат карданд.

Раҳмонзода Абдулло ҳизиринро бо Рӯзи байналмилалии олимпӣ табрик намуда, аз ҷумла иброз дошт:

“Ҳар сол 23 июн, ба муносибати барқарор шудани ҳаракати олимпӣ дар шакли муосир, дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии олимпӣ таҷлил мегардад. Дар ин бора моҳи январи соли 1948 дар иҷлосияи 42-юми Кумитаи байналмилалии олимпӣ қарор қабул шуд.
23 июни соли 1894 дар шаҳри Парижи Фаронса Конгресси байналмилалӣ оид ба проблемаҳои тарбияи ҷисмонӣ доир гашт, ки дар он намояндагони 12 давлат иштирок карданд ва Кумитаи байналмилалии олимпиро таъси доданд.
Маҳз ҳамин сана ҳамчун Рӯзи байналмилалии олимпӣ интихоб шуд, ки мақсад тарғиби варзиш дар тамоми ҷаҳон ва ҷалби одамон, новобаста аз синну сол, ҷинс ва имконияти онҳо ба варзиш мебошад”.

Дар идома қайд гардид, ки Тоҷикистон аз соли 1996 дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад ва варзишгарони мо 4 медали олимпӣ ба даст овардаанд – 1 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ.

“Мо дар арафаи 25-ум солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем. Бо талошу ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 ҷанги дохилӣ дар кишвар анҷом ёфт ва имрӯз мо дар фазои сулҳу субот зиндагӣ дорем. Сулҳу ваҳдат асоси рушди соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла варзиш мегардад. Агар мо ба таърихи Ҳаракати олимпӣ назар афканем, мебинем, ки Бозиҳои олимпии соли 1916 бо сабаби Ҷанги якуми ҷаҳон ва солҳои 1940 ва 1944 бо сабаби Ҷанги дуюми ҷаҳон баргузор нашуданд”, - қайд кард А. Раҳмонзода.

Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992 бо мақсади ҳимояи шарафи варзиши Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, таъмини рушди олимпизм дар ҷумҳурӣ Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон таъсис ёфта, 24-уми сентябри соли 1993 ба узвияти Кумитаи байналмилалии олимпӣ пазируфта шуд.

Таъкид гардид, ки баъд аз Президенти Кумитаи миллии олимпӣ интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2009 соҳаи варзиш, аз ҷумла Ҳаракати олимпӣ дар ҷумҳурӣ бештар рушд кард. Хусусан, баъд аз мулоқоташон бо варзишгарон дар санаи 20 декабри соли 2010.

Аз ин пештар, 28 марти соли 2007 Фармони Президенти ҷумҳурӣ “Дар бораи баргузор намудани Дави миллӣ” ба имзо расид, ки ин чорабинии муҳим дар роҳи солим нигоҳ доштани ҷомеа якшанбеи сеюми моҳи майи ҳар сол доир мегардад ва ҳар сол сафи иштирокчиёни он дар ҳоли афзудан аст. Қабл аз соли 2007 – солҳои 2005 ва 2006 Дави олимпӣ доир гардида, дар аввалин Дави олимпӣ Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат намуданд.

Боиси хушнудии мост, ки маҳз бо дастури Ҷаноби олӣ имрӯз ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, чӣ миёнаи умумӣ, чӣ олӣ бе толору майдончаҳои варзишӣ сохта намешаванд. Инро мо зимни сафарҳои кории Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳои кишвар мушоҳида мекунем.

Ташаббуси созанда ва ғамхоронаи Пешвои миллат нисбат ба варзишгарон он аст, ки 9 январи соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ таъсис ёфт. Бо амрҳои Президенти ҷумҳурӣ солҳои 2015-2021 201 варзишгар, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок карда, сазовори медал гардидаанд ва мураббиёни онҳо сазовори ин ҷоиза шуданд. Ҳаҷми умумии маблағи ҷоиза 4 392 500 сомониро ташкил медиҳад.

Дар чорабинӣ намудҳои гуногуни варзиш намоиш дода шуда, ба як қатор федератсияҳо ва мактабҳои варзишӣ сертификати Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тақдим гардид.