Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БАХШИДА БА РӮЗИ ОЛИМПӢ ФЕСТИВАЛИ ОЛИМПӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

21.06.2022

: 174

Шоми 23-юми июн дар Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт ба ифтихори Рӯзи байналмилалии олимпӣ Фестивали олимпӣ баргузор мешавад.

Ҳамчунин, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниву мусобиқаҳои гуногуни варзиширо ба нақша гирифтаанд.

Ҳар сол 23 июн, ба муносибати барқарор шудани ҳаракати олимпӣ дар шакли муосир, дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии олимпӣ таҷлил мегардад. Дар ин бора моҳи январи соли 1948 дар иҷлосияи 42-юми Кумитаи байналмилалии олимпӣ қарор қабул шуд.

23 июни соли 1894 дар шаҳри Парижи Фаронса Конгресси байналмилалӣ оид ба проблемаҳои тарбияи ҷисмонӣ доир гашт, ки дар он намояндагони 12 давлат иштирок карданд ва Кумитаи байналмилалии олимпиро таъси доданд.

Маҳз ҳамин сана ҳамчун Рӯзи байналмилалии олимпӣ интихоб шуд, ки мақсад тарғиби варзиш дар тамоми ҷаҳон ва ҷалби одамон, новобаста аз синну сол, ҷинс ва имконияти онҳо ба варзиш мебошад.

Аввалин Бозиҳои олимпии муосир соли 1896 дар Юнон бо иштироки 241 варзишгар аз 14 давлат баргузор шуд. Онҳо аз рӯи 9 намуди варзиш барои медалҳо рақобат намуданд. Баъди бештар аз 100 сол, дар Бозиҳои олимпии соли 2004 дар Юнон наздики 15 000 варзишгар аз 202 давлат дар 28 намуди варзиш ширкат карданд.

Тоҷикистон аз соли 1996 дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад ва варзишгарони мо 4 медали олимпӣ ба даст овардаанд – 1 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ. Медали тилло ба варзишгари маъруфи кишвар Дилшод Назаров мансуб аст, ки соли 2016 дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейрои Бразил, дар риштаи гурзандозӣ ба даст овард. Медали нуқраро Юсуф Абдусаломов соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин дар намуди гуштини тарзи озод сазовор шуд. Ду медали биринҷиро Расул Боқиев соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин дар намуди ҷудо ва Мавзуна Чориева соли 2012 дар Бозиҳои олимпии Лондон дар намуди бокс ба даст оварданд.

Дар Хартияи олимпӣ омадааст: “Мақсади ҳаракати олимпӣ тарбияи ҷавонон ба воситаи варзиш дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва рафоқат ва ба ин восита дунёи беҳтар ва осуда сохтан мебошад”.

Чорабиниҳои асосии Рӯзи олимпӣ марафони дав ба ҳисоб меравад. Дар ин рӯз, ҳамчунин мусобиқаҳои дигари варзишӣ, семинарҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ, шоу-барномаҳо, мулоқот бо чемпионҳо ва ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ ва ғайра баргузор мешаванд.