Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

СУННАТ АБДУЛЛОЕВ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ МИЁНИ НАВРАСОН МЕДАЛИ НУҚРА ГИРИФТ

20.06.2022

: 423

Дар рӯзи дуюми Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни наврасон (U-17) дар равияи юнонӣ-римӣ, ки дар Бишкеки Қирғизистон ҷараён дорад, варзишгари тоҷик Суннат Абдуллоев дар вазни -65кг ҷои дуюмро сазовор шуд.

Суннат дар даври интихобӣ бар варзишгари Ҷопон Какиру Сакаӣ, дар чорякфинал бар намояндаи Туркманистон Какабай Какабаев, дар нимфинал бар варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Тиёнг Квон пирӯз шуда, ба финал баромад. Аммо дар даври ниҳоӣ аз варзишгари мизбон Кутман Темирбеков мағлуб гардида, ҷои дуюмро сазовор шуд.

Ёдрас мешавем, ки дар рӯзи аввали чемпионат Ҳусейн Ҳасанов дар вазни -60кг медали биринҷӣ ба даст овард.

Аввалин маротиба аст, ки Чемпионати Осиё оид ба гуштин дар ду категорияи синну сол – то 17-солаҳо ва то 23-солаҳо дар як вақт доир мегардад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 14 нафар – 8 нафар миёни наврасон, 6 нафар миёни ҷавонон ба Бишкек сафарбар гардидаанд.

Тибқи низомнома, мусобиқа миёни наврасони то 17-сола фардо ва пасфардо бо рақобатҳои духтарон ва писарон дар равияи гуштини озод идома меёбад. 23 июн қувваозмоиҳо миёни ҷавонони то 23-сола оғоз мегардад.