Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ҲУСЕЙН ҲАСАНОВ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ МИЁНИ НАВРАСОН

МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ҲУСЕЙН ҲАСАНОВ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ МИЁНИ НАВРАСОН МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ҲУСЕЙН ҲАСАНОВ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ МИЁНИ НАВРАСОН МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ҲУСЕЙН ҲАСАНОВ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ МИЁНИ НАВРАСОН

20.06.2022

: 366

19 июн дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни наврасон (U-17) дар равияи юнонӣ-римӣ оғоз ёфт.

Варзишгари тоҷик Ҳусейн Ҳасанов дар рӯзи аввали рақобатҳо, дар вазни -60кг медали биринҷӣ ба даст овард.

Ӯ мусобиқаро аз даври чорякфинал оғоз карда, аз намояндаи Эрон Абулфазл Миршакар мағлуб шуд. Бо сабаби он ки варзишгари эронӣ ба финал баромад, Ҳусейн имкон пайдо кард, мусобиқаро идома диҳад. Ӯ дар қувваозмоии тасаллобахш бар варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Ҳйук Сеомун ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар намояндаи Туркманистон Шатлик Юнусов пирӯз гардид.

Дар рӯзи аввал варзишгарони дигарамон Нодир Турсунзода (55кг), Ансор Раҳматзода (92кг), Акрами Ҷаҳонгир (110кг) гуштин гирифта, дар даврҳои муқаддамотӣ аз ҳарифонашон шикаст хурданд.

Аввалин маротиба аст, ки Чемпионати Осиё оид ба гуштин дар ду категорияи синну сол – то 17-солаҳо ва то 23-солаҳо дар як вақт доир мегардад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 14 нафар – 8 нафар миёни наврасон, 6 нафар миёни ҷавонон ба Бишкек сафарбар гардидаанд.

Тибқи низомнома, мусобиқа миёни наврасони то 17-сола 19-22 июн ва миёни ҷавонони то 23-сола 23-26 июн баргузор мешавад.