Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МАРОСИМИ ҚУРЪАКАШИИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2022 ОИД БА ФУТБОЛ БАРГУЗОР ШУД

18.06.2022

: 359

17-уми июн дар шаҳри Душанбе маросими қуръакашии марҳилаи асосии Ҷоми Тоҷикистон-2022 оид ба футбол баргузор шуд.

Тибқи натоиҷи қуръакашӣ дар бозиҳои даври 1/8-финали Ҷоми Тоҷикистон-2022, ки рӯзҳои 6-ум ва 7-уми август баргузор мешаванд, дастаҳо ба таври зайл бо ҳам вомехуранд: “Истиқлол” – “Моҳир”, “Равшан” (Кӯлоб) – “Равшан” (Зафаробод), “Эсхата” – “Ҳосилот”, “Регар-ТадАЗ” – КМВА, “Саройкамар” – “Ҳулбук”, “Хатлон” – “Истаравшан”, “Динамо” – “Файзканд” ва “Куктош” – “Хуҷанд”.

Мисли соли гузашта бозиҳои даври ҳаштякфинал ва чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон аз як бозӣ ва нимфинал аз ду бозӣ (дар хона ва сафар) иборат мебошанд.

Бояд гуфт, ки барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2022 ҳуқуқи муаррифии кишвари моро дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2023/2024 ба даст меорад. Агар чемпион ё барандаи медали нуқраи Чемпионати Тоҷикистон соҳиби Ҷоми кишвар шавад, пас барандаи медали биринҷии Лигаи олии Тоҷикистон дар мавсими оянда дар Ҷоми КФО ширкат хоҳад кард.

Ҷоми Тоҷикистон-2022
8/1-финалӣ

6-7 август (шанбе, якшанбе)
“Истиқлол” (Душанбе) – “Моҳир” (Ёвон)
“Равшан” (Кӯлоб) – “Равшан” (Зафаробод)
“Эсхата” (Хуҷанд) – “Ҳосилот” (Фархор)
“Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – КМВА (Душанбе)
“Саройкамар” (Панҷ) – “Ҳулбук” (Восеъ)
“Хатлон” (Бохтар) – “Истаравшан” (Истаравшан)
“Динамо” (Душанбе) – “Файзканд” (Восеъ)
“Куктош” (Рӯдакӣ) – “Хуҷанд” (Хуҷанд)