Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТИМИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БОРИ АВВАЛ ДАР ТАЪРИХ БА МАРҲИЛАИ НИҲОИИ ҶОМИ ОСИЁ РОҲ ЁФТ

14.06.2022

: 383

Тими миллии футболи Тоҷикистон бори аввал дар таърих ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё роҳ ёфт.

Новобаста ба натиҷаи бозии даври охири марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» бо тими миллии Қирғизистон, ки имрӯз, 14-уми июн дар Бишкек баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ҳуқуқи иштирок дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиёро ба даст овард.

Қисмати ниҳоии Ҷоми Осиё аз 16 июн то 16 июли соли 2023 ба нақша гирифта шудааст. Қарор дар бораи дар куҷо баргузор шудани 18-ум Ҷоми Осиё дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё рӯзи 17 октябр қабул мешавад.

Ёдрас мешавем, ки тими миллии футболи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “F”, ки дар Бишкек ҷараён дорад, дар ду бозӣ муқобилӣ Мянмар (4:0) ва Сингапур (1:0) ғалаба карда, феълан бо 6 хол дар ҷои аввал қарор дорад.

Аз шаш гурӯҳи марҳилаи интихобӣ ғолибон ва 5 дастаи ҷои дуюми гурӯҳҳо, ки натиҷаи беҳтар доранд, ба марҳифаи финалии Ҷоми Осиё-2023 роҳхат мегиранд.