Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БАЛИИ ИНДОНЕЗИЯ – МИЗБОНИ 2-ЮМ БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ҶАҲОН ИНТИХОБ ШУД

10.06.2022

: 379

Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC) ва Кумитаи олимпии Индонезия эълон карданд, ки Бали 2-юм Бозиҳои соҳили ҷаҳонро аз 5 то 12 августи соли 2023 мизбонӣ хоҳад кард.

Пас аз Бозиҳои соҳилии ҷаҳон, 13-15 августи соли 2023 дар ҷазираи Индонезия, ҳамчунин XXVII Ассамблеяи генералии ANOC доир мегардад.

Пас аз бомуваффақият доир кардани аввалин нашри бозиҳо соли 2019 дар Доҳаи Қатар, Бозиҳои соҳилии ҷаҳон бори дигар имкони пайваст шуданро тавассути намудҳои нави варзиш, ситораҳои нав ва насли нави дӯстдорони варзиш фароҳам меорад.

Дар Доҳа-2019 беш аз 1200 варзишгар аз 97 кумитаи миллии олимпӣ рақобат карданд ва ширкати мушобеҳи варзишгарон ва кумитаҳои олимпӣ соли оянда дар Балӣ дар назар аст.

Бозиҳо ҷашни варзишҳои соҳилӣ ва обӣ буда, даҳ намуди варзиши барномаи асосӣ - акватлон, ҳендболи соҳилӣ, футболи соҳилӣ, тенниси соҳилӣ, волейболи соҳилӣ 4×4, тӯббозӣ дар оби соҳилӣ, гӯштини соҳилӣ, катаи инфиродӣ, инчунин 2 намуди варзиши аз ҷониби Кумитаи тадорукоти бозиҳо пешниҳодшуда - кейтбординг ва шиноварии кушод ба масофаи 5км-ро дарбар мегирад.