Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ҲАРАКАТИ ОЛИМПӢ” МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДОИР ШУД

ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ҲАРАКАТИ ОЛИМПӢ” МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДОИР ШУД ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ҲАРАКАТИ ОЛИМПӢ” МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДОИР ШУД ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ҲАРАКАТИ ОЛИМПӢ” МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДОИР ШУД ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ҲАРАКАТИ ОЛИМПӢ” МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДОИР ШУД ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ҲАРАКАТИ ОЛИМПӢ” МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДОИР ШУД

09.06.2022

: 429

Бо мақсади амалисозии қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ноҳияи Шоҳмансур аз 27 майи соли 2022, №4, қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб аз 9 апрели соли 2022, №4, барқияи Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе аз 25 майи соли 2022, №24 дар бораи гузаронидани маъракаи ҳисоботӣ-интихоботӣ имрӯз дар ташкилоти ибтидоии “Ҳаракати олимпӣ” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

Дар кори маҷлис раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло, намояндаи дастгоҳи Кумитаи марказии ҲХДТ Ширинбекзода Садриддин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор иштирок намуданд.

Бо ҷонибдории иштирокчиёни маҷлис, рӯзнома ва тартиби кори маҷлис тасдиқ гардида, нахуст ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Ҳаракати олимпӣ”, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо оид ба натиҷаҳои фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуд.

Аз ҷумла қайд гардид, ки ташкилоти ибтидоии “Ҳаракати олимпӣ” дар фаъолияти худ пайваста дастуру супоришҳои роҳбари муаззами ҳизбро сармашқи кори худ қарор дода, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани амру фармонҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои амалиро роҳандозӣ менамояд.

Дар Маҷлис бо пайравӣ аз сиёсати Пешвои миллат дар самти дастагирии ҷавонон ва бонувон директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ Мавзуна Чориева раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳаракати олимпӣ” интихоб шуд.

Ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло, намояндаи дастгоҳи Кумитаи марказии ҲХДТ Ширинбекзода Садриддин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим суханронӣ намуда, оид ба тақвият бахшидани фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, иҷрои босифати бандҳои барномаи ҲХДТ, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавсияҳо доданд.