Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТАЕКВОНДО: 9 МЕДАЛИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ТОШКАНД

26.05.2022

: 418

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таеквондо (WT) ба шарафи профессор Бак Мун Ҷонг сазовори 9 медал гардиданд.

Ба иттилои Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон, мусобиқа миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон 21-24 май дар шаҳри Ташканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид. Дар он беш аз 1200 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат карданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 46 нафар – 36 варзишгар, 4 довар, 6 мураббӣ – дар мусобиқа иштирок карда, ба гирифтани 4 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ мушарраф шуданд.

Медалҳои нуқраро Абдуҷаъфари Баҳодур (45кг), Мино Шарифова (55кг) миёни наврасон, Фарида Ғуломова (пумсе) ва Муниса Ойматова (53кг) миёни калонсолон ба даст оварданд.

Хосият Сафарова (41кг), Нурина Алиназарова (41кг) миёни наврасон, Муниса Исматова (57кг), Муҳаммадҷон Сунатов (63кг) ва Абумуталиб Мирзоев (58кг) миёни калонсолон соҳиби медалҳои биринҷӣ гаштанд.