Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ФУТЗАЛ: УЗБЕКИСТОН, БАҲРАЙН ВА ТУРКМАНИСТОН – ҲАРИФОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶОМИ ОСИЁ-2022

26.05.2022

: 408

Бар асоси қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо тимҳои миллии Узбекистон, Баҳрайн ва Туркманистон рақобат хоҳад кард.

Дар натиҷаи қуръакашӣ 16 даста ба чор гурӯҳ тақсим шуданд. Пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври чорякниҳоии мусобиқа роҳ меёбанд.

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 аз 27 сентябр то 8 октябр дар Кувайт баргузор мешавад.

Натоиҷи қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал:

Гурӯҳи «А»: Кувайт, Ироқ, Таиланд, Уммон.
Гурӯҳи «В»: Узбекистон, Баҳрайн, ТОҶИКИСТОН, Туркманистон.
Гурӯҳи «С»: Эрон, Лубнон, Тайбэйи Чин, Индонезия.
Гурӯҳи «D»: Ҷопон, Ветнам, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ.