Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МИНА ГУЛИ МАРАФОНИ СЕЮМАШРО ДАР ТОҶИКИСТОН АНҶОМ ДОД

МИНА ГУЛИ МАРАФОНИ СЕЮМАШРО ДАР ТОҶИКИСТОН АНҶОМ ДОД МИНА ГУЛИ МАРАФОНИ СЕЮМАШРО ДАР ТОҶИКИСТОН АНҶОМ ДОД МИНА ГУЛИ МАРАФОНИ СЕЮМАШРО ДАР ТОҶИКИСТОН АНҶОМ ДОД

20.05.2022

: 359

Мина Гули - як шаҳрванди Австралия, ки тасмим гирифтааст, дар Тоҷикистон марафони дав баргузор кунад, бо ҳамроҳонаш 20-ум май марафони сеюми давро ба масофаи 42,2 км дар масири Фархор-Ҳамадонӣ анҷом дод.

Ёдовар мешавем, ки марафони дав бо иштироки Мина Гули бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар соли 2023 дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Муҳлати марафони дав аз 15 май то 10 июнро дар бар мегирад. Дар ин муддат Мина Гули дар 11 марафони дав 458,2 километрро тай карда, аз захираҳои оби Тоҷикистон, аз ҷумла кӯли Сарез, пиряхи Федченко, неругоҳҳои барқи обии “Роғун” ва “Норак” ва маконҳои сайёҳии Тоҷикистон дидан ва дар Конфронси 2-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 (6-8 июн) ширкат мекунад.

Мина Гули ва ҳамроҳонашро 15 май дар сарҳади Тоҷикистон бо Узбекистон дар шаҳри Панҷакент масъулони Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати нақлиёт, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Панҷакент пешвоз гирифтанд.

16 май марафони аввали шаҳрванди Австралия дар Тоҷикистон дар самти Панҷакент – Айнӣ – Душанбе, дар масофаи 42 километр оғоз гардида, 18 май марафони дуюми давро ба масофаи 42,2 километр дар масири Шаҳритус - Носири Хисрав анҷом дод. Мина Гули ва ҳамроҳонаш аз мавзеъҳои сайёҳии Саразм, Чилучорчашма ва Бешаи Палангон дидан карданд.

Мина Гули як зани тоҷири австралиягӣ буда, дар бахши муҳити зист фаъол аст. Директори генералии Фонди “Thirst” мебошад, ки дар самти таблиғи сарфаи об фаъолият мекунад.

Мина Гули дар канори шаҳри Мелбурни Австралия таваллуд шудааст ва дар Донишгоҳи Мелбурн таҳсил кардааст. Соли 1993 президенти Иттифоқи донишҷӯёни Донишгоҳи Монаш интихоб шуд.

Пас аз хатми мактаб дар бахши хусусии соҳаҳои энергетика ва инфрасохтор ба ҳайси ҳуқуқшинос кор кардааст. Соли 1999 дар биржаи фючерсҳои Сидней, дар рушди бозорҳои партобҳои карбон дар Австралия иштирок кард. Соли 2002 аз ӯ хоҳиш карда шуд, ки ба Бонки ҷаҳонӣ ҳамроҳ шавад ва дар таҳияи лоиҳаҳои тиҷорати карбон дар Чин, Ҳиндустон, Непал ва Индонезия кӯмак кунад. Соли 2005 ба бахши хусусӣ баргашт ва кори худро дар бахшҳои энергияи барқароршаванда ва тағирёбии иқлим дар Чин идома дод.

Соли 2012 М. Гули Фонди “Thirst”-ро таъсис дод, ки ба ҷавонон сарфаи обро тарғиб мекунад.