Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МУНТАХАБИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН (U-23) ДАР ГУЛИСТОН ТАМРИН МЕКУНАД

20.05.2022

: 348

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҷамъомади тамринӣ-таълимӣ мегузаронад.

Барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки аз 20 то 28 май баргузор мешавад, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) Аслиддин Ҳабибуллоев 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар даъват кардааст.

Пеш аз марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ҳарифони бозиҳои рафиқона баъдтар маълум хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1-ум то 19-уми июн дар Узбекистон баргузор мешавад, тими Тоҷикистон дар гурӯҳи «D» бозӣ мекунад. Ҳарифони дастаи мо мунтахабҳои Арабистони Саудӣ (3 июн), Амороти Муттаҳидаи Араб (6 июн) ва Ҷопон (9 июн) ҳастанд.

Ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Гулистон:
Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»), Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»), Аҳлиддин Ҳабибуллоев («Файзканд»);
Ҳимоятгарон: Наимҷон Иброҳимзода, Алишер Баротов (ҳар ду аз «Хуҷанд»), Муҳаммадҷон Насков, Фирдавс Алиназаров (ҳар ду аз «Хатлон»), Ҷонибек Шарипов (КМВА), Эмомалӣ Аҳмадхон, Шоҳрух Сангов (ҳар ду аз «Регар-ТадАЗ»), Ҳусейн Нурматов («Истаравшан»);
Нимҳимоятгарон: Амадонӣ Камолов («Райо Маҳадаонда», Испания), Шарифбек Раҳматов («Турон», Узбекистон), Ислом Зоиров («Истиқлол»), Кароматулло Саидов, Далер Ёдгоров, Сорбон Авғонов (ҳама аз «Хуҷанд»), Абдулмуъмин Забиров («Эсхата»), Умарҷон Шарифов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов (КМВА);
Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Истиқлол»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Хуҷанд»), Сунатулло Исмоилов («Хатлон»).

И.в. сармураббӣ – Аслиддин Ҳабибуллоев.