Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022: ТОҶИКИСТОН БО АФҒОНИСТОН МУСОВӢ БОЗӢ КАРД

17.05.2022

: 415

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври сеюми Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар Душанбе ҷараён дорад, бо тими наврасони Афғонистон мусовӣ бозӣ кард.

Бозии дастаҳо 16 май дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бе гол (0:0) анҷом ёфт.

Дар бозии дигари даври сеюми Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои наврасон (U-16) Эрон Қирғизистонро мағлуб намуд – 2:0.

Бозиҳои даври навбатӣ 18 май доир мешаванд. Дар ин рӯз Эрон бо Афғонистон (18:00) ва Узбекистон бо Тоҷикистон (21:00) вомехуранд.

Ёдовар мешавем, ки чемпионат аз рӯйи системаи даврӣ дар як давр сурат мегирад.

Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои наврасон (U-16)

Даври 1
Узбекистон – Эрон – 2:2
Афғонистон – Қирғизистон – 1:1

Даври 2
Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН – 0:2
Узбекистон – Афғонистон – 6:0

Даври 3
Эрон – Қирғизистон – 2:0
ТОҶИКИСТОН – Афғонистон – 0:0

Даври 4
18 май (чоршанбе)
18:00 – Эрон – Афғонистон
21:00 – Узбекистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 5
20 май (ҷумъа)
18:00 – Қирғизистон – Узбекистон
21:00 – ТОҶИКИСТОН – Эрон