Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТЕННИС: ҶОМИ ФЕДЕРАТСИЯ НАСИБИ КӢ ШУД?

ТЕННИС: ҶОМИ ФЕДЕРАТСИЯ НАСИБИ КӢ ШУД? ТЕННИС: ҶОМИ ФЕДЕРАТСИЯ НАСИБИ КӢ ШУД?

17.05.2022

: 338

9-14 май дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Федератсияи тенниси Тоҷикистон миёни ҷавонон баргузор шуд.

Ба иттилои Федератсияи тенниси Тоҷикистон, дар мусобиқа 64 варзишгар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат карданд.

Дар натиҷа, дар сабқатҳои инфиродӣ миёни бонувон варзишгарон Кира Матушкина ҷои аввал, Виктория Милованова ҷои дуюмро ишғол намуданд. Миёни писарон бошад, Олег Колнинов мақоми аввал, Ислом Орунбасар аз Қазоқистон мақоми дуюмро ишғол намуданд.

Дар сабқати ҷуфти писарон Ислом Орунбасар ва Артур Хайрутдинов аз Қазоқистон ғолиб шуданд. Онҳо дар финал Артём Алексейчук ва Думше Германро шикаст доданд. Миёни бонувон ҷуфти Милина Субҳонқулова / Варвара Паншина ҷои аввал, ҷуфти Раисса Петровская / Каракат Коилбаева аз Қазоқистон ҷои дуюмро гирифтанд.

Ин чорум мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис буд, ки дар Душанбе баргузор гардид. 18-22 апрел мусобиқаи байналмилалии теннис миёни наврасон «Dushanbe Cup», 23-28 апрел мусобиқаи байналмилалии “Dushanbe Open” миёни наврасон, 2-7 май мусобиқаи байналмилалии “Tajikistan Open” миёни ҷавонони то 18-сола баргузор шуда буданд.

Ҳамчунин дар оянда мусобиқаҳои дигари сатҳи байналмилалӣ оид ба теннис ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла 8-13 август баргузории Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба теннис, 15-20 август “Dushanbe Open”, 3-8 октябр “Dushanbe Cup” ва 10-15 октябр “Somoni Cup” миёни ҷавонони то 18-сола дар назар аст.