Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ОЛӢ: “ИСТИҚЛОЛ” БО “ХУҶАНД” ҲАМ МУСОВӢ БОЗӢ КАРД

16.05.2022

: 348

14-15 май бозиҳои даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Чемпиони феълии Тоҷикистон, тими “Истиқлол”-и Душанбе дар ду бозӣ пайиҳам пирӯзӣ ба даст оварда наметавонад. Ин навбат дастаи Виталий Левченко бо тими “Хуҷанд” мусовӣ (1:1) бозӣ кард. Ба голи задаи Ҷаҳонгир Эргашев, душанбегиҳо тавассути зарбаи нишонраси Манучеҳр Ҷалилов ҷавоб доданд.

Дар бозии дигар тими “Эсхата”-и Хуҷанд бар дастаи КМВА бо ҳисоби калони 4:1 пирӯз шуд. Қаҳрамони бозӣ Дилшод Бозоров гардид, ки аввалин хет-трикро дар мавсим иҷро кард.

Дастаи “Файзканд”-и Восеъ дар сафар тими “Равшан”-и Зафарободро шикаст дод – 3:1. Ду голи Шавкат Ҳотам ва голи Амирҷон Сафаров ба тими Восеъ се хол оварданд.

“Истаравшан” пайиҳам ба чорум бохт рӯ ба рӯ шуд. Дастаи Истаравшан ин дафъа аз «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Ягона голи ин дидорро легионер Куасси Инносент зад.

Ниҳоят, дастаи «Хатлон»-и Бохтар дар даври ҳафтум дар меҳмонӣ бар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Муаллифи голи ягона Нуриддин Ҳамроқулов буд, ки дар дақиқаҳои иловагӣ ба вақти асосии вохӯрӣ 90+3 пеналтиро ба фоидаи дастааш иҷро кард.

Бозиҳои даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ 18 ва 22 май ба нақша гирифта шудааст. 18 май мо шоҳиди чор бозӣ миёни дастаҳои “Хуҷанд” – “Истаравшан”, “Хатлон” – “Равшан” (Зафаробод), “Файзканд” – КМВА, “Истиқлол” – “Регар-ТадАЗ” хоҳем шуд. Як бозии дигар 22 май миёни тимҳои “Эсхата” – “Равшан” (Кӯлоб) доир мегардад.