Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ПИРӮЗИИ ДУЮМИ ШОИРА ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС

ПИРӮЗИИ ДУЮМИ ШОИРА ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС ПИРӮЗИИ ДУЮМИ ШОИРА ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС ПИРӮЗИИ ДУЮМИ ШОИРА ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС

16.05.2022

: 375

Муштзани тоҷик Шоира Зулқайнарова 15-уми май дар даври ҳаштякфинали Чемпионати ҷаҳон дар вазни 63кг бар намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Ҳаидун Ҷионг пирӯз шуда, ба чорякфинал роҳ ёфт.

Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон дар шаҳри Истанбули Туркия 9-уми май шуруъ гардид ва то 21 май идома меёбад. Дар чемпионат 310 варзишгар аз 73 давлат иштирок доранд.

Ҷумҳурии моро дар ин мусобиқаи бонуфуз ба ғайр аз Шоира инчунин Сумайя Қосимова (48кг), Руҳафзо Ҳақназарова (50кг) ва Миҷгона Самадова (57кг) намояндагӣ мекунанд.

Шоира дар даври аввал бар намояндаи Ковейт Ҷ. Нура пирӯз гардида буд.

15 май варзишгари дигарамон Руҳафзо Ҳақназарова дар вазни 50кг дар муҳорибаи дуюмаш (дар даври аввал бар варзишгари Боливия Айда Санталла ғалаба карда буд) аз намояндаи Колумбия Ингрит Лорена Викториа шикаст хурд.

Қаблан ду варзишгарамон - Сумайя Қосимова дар вазни 48кг дар даври аввал аз Севда Асенова (Булғория), Миҷгона Самадова (57кг), ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Йу Тинг-Линг (Тайпей) мағлуб шуда, аз идомаи муҳорибаҳо маҳрум гардиданд.

Ҳарифи Шоира Зулқайнарова дар чорякфинал Парвин аз Ҳиндустон мебошад. Муҳорибаи онҳо имрӯз - 16 май сурат мегирад.