Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЯК МЕДАЛИ ТИЛЛО ВА ЯК БИРИНҶИИ ҶУДОЧИЁНИ ҶАВОНИ КИШВАР ДАР ҶОМИ ОСИЁ

ЯК МЕДАЛИ ТИЛЛО ВА ЯК БИРИНҶИИ ҶУДОЧИЁНИ ҶАВОНИ КИШВАР ДАР ҶОМИ ОСИЁ ЯК МЕДАЛИ ТИЛЛО ВА ЯК БИРИНҶИИ ҶУДОЧИЁНИ ҶАВОНИ КИШВАР ДАР ҶОМИ ОСИЁ

16.05.2022

: 355

Ҷудочиёни ҷавони кишвар дар Ҷоми Осиё миёни наврасон ва ҷавонон, ки 12-15 май дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби ду медал - як тилло ва як биринҷӣ гардиданд.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, кишвари моро миёни наврасон Фотимахон Гадоева (-52кг), Ҷасур Лутфишоев (-55кг), Худодод Шанбиев (-60кг), Ҷаъфари Ҷаъфар ва Мусо Саъдуллоев (ҳар ду -66кг) муаррифӣ карданд. Мутаассифона, мусобиқаи мазкур барои варзишгарони навраси тоҷик бо нокомӣ – бидуни медал анҷом ёфт.

Дар сабқатҳо миёни ҷавонон Тоҷикистонро 8 нафар: Саидашраф Лоиқов, Абуҳанифа Қурбонбозор, Абубакр Шеров (ҳар се -66кг), Ҳоҷибек Мухтодов (-73кг), Сунатулло Лоиқов, Мизробшо Лоиқов (ҳар ду -81кг), Муҳсин Малаев (-90кг) ва Парвиз Абдураҳмонов (-100кг) намояндагӣ карданд.

Аз миёни онҳо Абубакр Шеров ба гирифтани медали тилло ва Парвиз Абдураҳмонов ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуданд.

Абубакр Шеров (-66кг), ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар ҷудокори мизбон Бекзод Каиргалиев пирӯз шуд. Дар даври сеюм бар варзишгари дигари мизбон Куралбек Саталиев ғалаба кард. Дар даври чорякфинал Абубакр муқобили ҷудочии Узбекистон Муҳриддин Ғиёсов қарор гирифта, пирӯз шуд. Ӯ сипас дар нимфинал бар Нурдавлат Базиржани қазоқ ва дар финал бар Азизбек Ортиқови узбекистонӣ дастболо шуда, ғолиби мусобиқа гардид.

Парвиз Абдураҳмонов (-100кг) дар даври якум бар Динассил Таттимбеки қазоқ ғалаба кард, вале дар чорякфинал аз варзишгари Узбекистон Муҳаммадқодир Мансуров шикаст хурд. Сипас, дар даври тассалобахш Темирлан Кайролда ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм Габдулманап Ерассилро (ҳар ду варзишгари мизбон) шикаст дода, барандаи медали биринҷӣ шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон ва ҷавонон 473 варзишгар аз 6 давлат ширкат карданд.